ВАХШ. Хониши сиёсӣ дар ташкилоти ибтидоии ҷамоати деҳоти «Рудакӣ»- и ноҳияи Вахш бо иштироки кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия, дар мавзӯъи «Муайян кардани вазифаҳои шаҳрвандон дар самти мубориза бар зидди коррупсия» баргузор гардид.
БОХТАР. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Ҳамрози халқ” тибқи ҷадвали баргузории хониши сиёсӣ вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ вохӯрӣ баргузор гардида, дар он намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар Асадуллозода Ватан ва Исоев Фаррух иштирок намуданд.
БАЛҶУВОН. Бо иштироки мудири шуъбаи кор бо ҷавонон ва занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТдар ноҳияи Балҷувон Муродова Марҷона бо занону духтарони ташкилоти ибтидоии деҳаи “Турко”-и ҷамоати деҳоти Балҷувон оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, озмунҳои ҳизбӣ ва Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ вохӯрӣ доир гардид.
Ҷ.БАЛХӢ. Вохӯрии навбатии кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дар Муассисаи тахсилоти миёнаи умумии №32-и маҳаллаи Роҳинави ҷамоати деҳоти Узуни ноҳия бо иштироки Алиев Зафар-мудири шуъбаи таблиғот иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ва Асоев Хизирдин-мутахассиси шуъбаи ташкили Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ баргузор гардид.
ВОКУНИШ. Ташкилоти террористиву экстремистии наҳзати исломӣ тавассути КШНЗТ-и худ, ки ҳама шуда иборат аз кадом як наҳзатии гумнасабе бо номи Абдусаттор мебошад, эълон намудааст, ки дар назди сафорати Тоҷикистон дар Берлин тазоҳурот мекунад. Ин ҳам дар рӯзи ҷаҳонии ҳуқуқи башар.
А.ҶОМӢ. Дар толори маҷлисгоҳи ҷамоати шаҳраки Абдураҳмони Ҷомии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ вохӯрии кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Самадзода Саёҳат мудири шуъбаи кор бо занон ва ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ ва Ашӯров Суннатулло мутахассиси шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ хониши сиёсиро гузарониданд.
ҶАЙҲУН. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун дар ташкилоти ибтидоии «Истиқлол» чорабинии таблиғотии ҳизбӣ вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ бо иштироки муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун Насим Сабурзода ва аъзоёни фаъоли ташкилоти ибтидоии болозикр сурат гирифт.
ХУРОСОН. Дар доираи ҷадвали баргузории вохӯриву мулоқот дар корхона, муассиса, ташкилот ва деҳаю маҳаллаҳои ноҳияи Хуросон бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон дар маҳаллаи ба номи Мирзо Турсунзодаи ҷамоати деҳоти Фахробод бо аъзо ва ҷонибдорони ҳизбӣ оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ ва Соли тақвиятиробита бо маҳал вохӯрӣ баргузор гардид.
ХОВАЛИНГ. Тибқи ҷадвал дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии Сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ бо иштироки кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ хониши сиёсӣ гузаронида шуд.
ТЕМУРМАЛИК. Дар асоси Амри Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба истиқболи арзандаи ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Темурмалик корҳои омодагӣ бо ҷӯшу хуруш идома доранд.
АХБОРИ ҲХДТ
НОВОСТИ НДПТ
NEWS PDPT
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон
АМИТ Ховар
МИҲД вилояти Хатлон
вилояти Хатлон
735140 шаҳри Бохтар
кӯчаи. Айни №47
Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон
Email: hkhdt_khatlon@mail.ru
Tel: (83222) 2-82-92 Fax: (83222) 2-12-12