БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Дар мубориза ба муқобили амалҳои коррупсионӣ якдилу якмаром бошем

ҶАЙҲУН. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун дар ташкилоти ибтидоии «Истиқлол» чорабинии таблиғотии ҳизбӣ вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ бо иштироки муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун Насим Сабурзода ва аъзоёни фаъоли ташкилоти ибтидоии болозикр сурат гирифт.

Дар рафти чорабинӣ Сабурзода Насим оид ба масъалаи ба миён гузошташуда муфассал суханронӣ намуда аз ҷумла қайд намуд, ки: -ҳануз аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолии давлат, роҳбарияти олии кишвар, таҳти сарварӣ ва роҳнамоии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар қатори дигар масъалаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ зарурат ва муҳиммияти мушкилотҳои коррупсия, пешгири ва мубориза бар зидди онро масъалаи мубрам ва ҳалталаби рӯз дониста як қатор санадҳои меъёрии ҳуҳуқӣ ва чорабиниҳои муҳими зиддикоррупсиониро мутобиқ ба стандартҳои байналмилалӣ таҳрезӣ ва амалӣ намудаанд.

Санадҳои меъёрии ҳуқуқии дар самти пешгирӣ ва мубориза бо коррупсия ин Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мубориза бо коррупсия”, Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 августи соли 2013, № 1504 «Дар бораи Стратегияи милии муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмиллалии эътирофнамудаи Тоҷикистон ба шумор мераванд. Ё дар Паёми худ Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии кишвар аз 24 апрели соли 2010 қайд намуда буданд, ки “Мубориза бар зидди коррупсия ва ҷиноятҳои дорои хусусияти коррупсионӣ низ самти афзалиятноки сиёсати ҳуқуқии давлат мебошад” Дар ҳақиқат Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дуруст қайд намудаанд, ки мо бояд бо ин падидаи номатлуб, муносибати оштинопазирро дар худ касб намуда, муқовимати беамонро пеш гирем, он вақт метавонем ба мақсадҳои зиддикоррупсионӣ ноил гардем.

Бо дарназардошти гуфтаҳои боло Насим Сабурзода ба аҳли ҷамъомад таъкид намуд, ки новобаста аз муборизаи зиддикоррупсионии мақомотҳои қудратӣ, аҳли ҷомеа дар масъалаи пешгирӣ ва мубориза бар зидди коррупсия фаъолнокии худро нишон дода, дар ин самт ҳамкориро бо мақомотҳои дахлдори мубориза бар зидди коррупсия ҷоннок бояд кард.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg