БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Вохӯрӣ бо соҳибкорону саховатмандони мавзеъи Кангурт бо мақсади вусъат бахшидани корҳои ободонӣ

ТЕМУРМАЛИК. Дар асоси  Амри Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  оид ба истиқболи арзандаи  ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Темурмалик корҳои омодагӣ бо ҷӯшу хуруш идома доранд.

Бо ин мақсад дар ҳамаи ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия ҷиҳати ба корҳои ободонӣ ва созандагӣ ҷалб намудани саховатмандону соҳибкорони дохиливу ватанӣ гурӯҳҳои корӣ ташкил карда шудааст. Фаъолияти онҳо мунтаззам зери назорати доимии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  қарор дорад.

Аз ҷумла вобаста ба тезонидани корҳои ободонию созандагӣ вохӯрии намояндаи Дастгоҳи Иҷроияи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳайати Мушовири калони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуҷаббор Раҳмонзода ва намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти  Хатлон ,  раиси ноҳияи Темурмалик , Аслзода Эмомиддин Муҳриддин бо соҳибкорону саховатмандон ва дигар зодагони мавзеъи Кангурт баргузор гардид.

Зимни ҷараёни мулоқот раиси ноҳия  Аслзода Эмомиддин Муҳриддин оиди нақшаҳои тарҳрезигардида бобати сохтмони иншоотҳои гуногуни иҷтимоию маърифатӣ  ва фарҳангӣ, инчунин дигар дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро шарҳу тавзеҳ дод.

Сипас, Абдуҷаббор Раҳмонзода суханронӣ карда, соҳибкорону саховатмандонро дават намуд, ки саҳми худро  тибқи дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ободонии диёри худ гузоранд .

Соҳибкорону саховатмандон, ки бунёди як қатор иншоотҳоро ба зимма гирифта буданд,  дар навбати худ иброз карданд, ки дар муҳлатҳои пешбинигардида дар ободонии ин диёр саҳми арзандаашонро мегузоранд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg