А.ҶОМӢ. Дар толори маҷлисгоҳи ҷамоати шаҳраки Абдураҳмони Ҷомии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ вохӯрии кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Самадзода Саёҳат мудири шуъбаи кор бо занон ва ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ ва Ашӯров Суннатулло мутахассиси шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ хониши сиёсиро гузарониданд.
Ҳадаф аз баргузории вохӯрии мазкур, ба аҳли ҷомеа расонидан ва фаҳмонидани самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ мебошад. Дар рафти суханронӣ масъулин атрофи аз байн бурдани таасуби динӣ ва хурофотпарастӣ, баланд бардоштани сатҳи огоҳии мардум аз хавфу хатари терроризму экстремизм ва роҳҳои пешгирии он, пешгирии бегонапарастиву фарҳанги бегона, муқовимат ба коррупсия маълумоти муфассал доданд. Баъд аз баррасии мсъалаҳои мубрами рӯз ба кормандони ҷамоати шаҳраки Абдураҳмони Ҷомӣ дар байни соки нон бештар бурдани корҳои таблиғотӣ маслиҳат ва ёрии методӣ дода шуд.