БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Коррупсия яке аз омилҳои нангин ва хатарноки ҷомеа

ВАХШ. Хониши сиёсӣ дар ташкилоти ибтидоии ҷамоати деҳоти «Рудакӣ»- и ноҳияи Вахш бо иштироки кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия, дар мавзӯъи «Муайян кардани вазифаҳои шаҳрвандон дар самти мубориза бар зидди коррупсия» баргузор гардид.

Сараввал суханро раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш Маҳмадов Одилҷон  оғоз намуда, иброз дошт, ки коррупсия яке аз омилҳои нангин ва хатарноки ҷомеа ба ҳисоб рафта, дар радифи терроризму экстремизм ба амнияти миллӣ ва Истиқлолияти давлатӣ таҳдид менамояд. Метавон гуфт, ки мавҷудияти ин амали номатлуб ҳам ҷанбаи манфии маънавӣ, ҳам ҳуқуқию сиёсӣ ва ҳам амниятӣ дорад. Аз ин ру, мубориза алайҳи ин омили хатарноки ҷомеа вазифаи нафақат мақомоти давлатӣ, балки ҷомеа ва ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ низ дониста мешавад.

Дар ин ҷомеа бояд ба ду тарафи масъала диққати аввалиндараҷа зоҳир намуд. Яке мубориза бар зидди амалҳои мавҷудаи коррупсионӣ ва дуввум ба вуҷуд овардани ҳисси муқовимат ба коррупсия дар доираи тарбияи мафкураи зиддикоррупсионӣ  дар ҷомеа.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg