БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ҳунар қосидест, ки тамаддунҳоро мепайвандад

ХУРОСОН. Дар доираи ҷадвали баргузории вохӯриву мулоқот дар корхона, муассиса, ташкилот ва деҳаю маҳаллаҳои ноҳияи Хуросон бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон дар маҳаллаи  ба номи Мирзо Турсунзодаи ҷамоати деҳоти Фахробод бо аъзо ва ҷонибдорони ҳизбӣ  оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ ва Соли тақвиятиробита бо маҳал вохӯрӣ баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ  масъулин зимнан дарбораи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ,  моҳияти Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!”  андешаронӣ карда,  ҳамагонро ба дар партави Аксияи ҳизбӣ барои анҷоми корҳои созандагиву бунёдкорӣ, ҷамъбасти самараноки  Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ҳидоят карданд.

Дар идомаи вохӯрӣ   иштирокчиён  дар намоиши ҳунарҳои мардумӣ бо руҳи баланди идона иштирок намуда, шукргузории хешро  сиёсати хирадмандонаи  аз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баён намуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg