БАРОИ ПЕШРАФТ ВА САОДАТИ ХАЛҚИ ТОҶИКИСТОН

Activities calendar

01 Июн 2026

Аёдати кӯдакон бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон

КЎШОНИЁН: Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон, як нафар кӯдаки бемори дорои маъюбият дошта аз Ҷамоати шаҳраки Сомониён аёдат карда шуда, ба Ӯ туҳфаҳои идона тақдим гардид.

СОКИНОН ҲАР ЯК ВАҶАБИ ЗАМИНИ НАЗДИ ҲАВЛИГИРО САМАРАНОК ИСТИФОДА МЕБАРАНД. УСУЛИ "ХОНА БА ХОНА" ВА "ДЕҲА БА ДЕҲА" МАНФИАТИ НЕК ДОРАД.

НОРАК:  Бо мақсади самаранок истифода бурдани заминҳои наздиҳавлигӣ ва хоҷагиҳои ёрирасони шахсӣ бо иштироки масъулини КИ ҲХДТ дар шаҳри Норак аз Ҷамоати деҳоти Дӯконӣ бо усули «хона ба хона» корҳои фаҳмондадиҳиро роҳандозӣ намуда, аз ҳар як оила дидан карда, истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигии сокинонро дида намуданд.

ВУСЪАТИ КОРҲОИ СОЗАНДАГИВУ ОБОДКОРӢ ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ.

КӮЛОБ:  Дар доираи сиёсати созандаву бунёдкоронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон,раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ва нақшачорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб, ҷиҳати сазовор истиқбол гирифтани ҷашни таърихии 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру деҳоти Кӯлоб бо ҷалби шахсони саховатпеша корҳои ободонӣ бо маром идома дорад.

ҲАШАРИ ДАСТАҶАМЪОНА ВА КОРҲОИ ОБОДОНӢ ДАР НАЗДИ КУМИТАИ ИҶРОИЯИ ҲИЗБИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН ДАР НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ

ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ : Дар доираи истиқболи сазовор аз 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳошияи эълон гардидани Соли 2026 "Соли вусъат додани корҳои ободонию созандагӣ, тақвияту таҳкими худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ", дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат ва ташаббуси раиси вилояти Хатлон «300 рӯзи созандагиву бунёдкорӣ ва масъулият барои ояндаи дурахшони Ватан» ва аксияи ҳизбии “365-рӯзи ободониву созандагӣ” корҳои ободонӣ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балх

ШАНБЕГИИ ДАСТАҶАМЪОНА ДАР ДЕҲАҲОИ ЗАҒЕРТУТ ВА ҲАЁТИ НАВИ ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ “ВАҲДАТ” ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ ТАҲТИ УНВОНИ “ШУКУФОИИ ШАҲР-МАРОМИ МО ҲИЗБИЁН” БАРГУЗОР ГАРДИД

ЛЕВАКАНТ:  Бо ташаббуси масъулини ҷамоати деҳоти “Ваҳдат”-и шаҳри Левакант ва бо иштироки фаъолонаи кормандони ҷамоат ва сокинони маҳаллӣ дар деҳаҳои Зағертут ва Ҳаёти нав шанбегии дастаҷамъона таҳти унвони “Шукуфои шаҳр-мароми мо ҳизбиён” ташкил ва гузаронида шуд.

1 ИЮН — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ КӮДАКОН

ПАНҶ: Имрӯз дар ноҳияи Панҷ бо иштироки муовини раиси ноҳия Раҷабзода Мизроб ва инчунин мудири шӯъбаи занон ва кор бо кадрҳои ҷавони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ Исломшоев Баҳодур ва мутахассиси шӯъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ

КОРҲОИ ФАҲМОНДАДИҲӢ ДАР БАЙНИ АҲОЛӢ БО УСУЛИ «ХОНА БА ХОНА»

ДӮСТӢ: Тибқи нақша чорабиниҳои КИ ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ сӯҳбату вохӯриҳо бо усули “Хона ба хона”, бахшида ба 35-умин солгарди ҷашни муқаддаси Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби кормандони ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ Имомёрбекзода Фариза ва мутахасиси шуъбаи кор бо занон ва оилаи МИҲД ноҳия дар Ҷамоати деҳоти Ҷиликул дар кӯчаҳои марказии ноҳия бо аҳолӣ суҳбату вохӯриҳо доир гардид.

«КӮДАКОН-ОЯНДАИ МИЛЛАТ ДАР ПАРТАВИ ҒАМХОРИҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ».

ВАХШ: Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон, ки ҳамасола 1-уми июн таҷлил мегардад ва яке аз муҳимтарин ҷашнҳои башардӯстона ба шумор меравад. Ин рӯз ба ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои кӯдакон, таъмини шароити мусоиди зиндагӣ ва рушди ҳамаҷонибаи онҳо бахшида шудааст. Кӯдакон сарвати бебаҳои ҷомеа ва ояндаи ҳар давлату миллат мебошанд. Аз тарбияи дуруст, донишандӯзӣ ва камолоти маънавии онҳо пешрафти ҷомеа вобастагии калон дорад.

ҶАВОНОН ВА ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ

БОХТАР: Дар шароити афзояндаи динамикии равандҳои иҷтимоию сиёсӣ чӣ дар сатҳи миллӣ ва чӣ дар сатҳи байналмилалӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаҳои рушди қишри ҷавонони ҷомеа аҳамияти аввалиндараҷа медиҳад. Мақомоти давлатӣ ба дигаргунсозиҳои дохилӣ ва чолишҳои ҷаҳонишавӣ бошуурона вокуниш нишон дода, заминаи меъёрии сиёсати ҷавононро бунёд намуда, мутобиқ будани онро ба шароиту талаботи замон таъмин менамоянд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: info@hhdtkhatlon.tj

viloyat@hhdtkhatlon.tj

Tel: (83222) 2-94-19
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Фейсбукии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

Саҳифаи Фейсбукии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон