БАРОИ ПЕШРАФТ ВА САОДАТИ ХАЛҚИ ТОҶИКИСТОН

Аёдати кӯдакон бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон

КЎШОНИЁН: Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон, як нафар кӯдаки бемори дорои маъюбият дошта аз Ҷамоати шаҳраки Сомониён аёдат карда шуда, ба Ӯ туҳфаҳои идона тақдим гардид. Ҳадаф аз ин иқдоми хайрхоҳона дастгирии иҷтимоӣ ва маънавии кӯдакон, болидахотир намудани онҳо ва баланд бардоштани рӯҳияи идона дар байни насли наврас мебошад.

Зимни аёдат, инчунин шириниҳо, бозичаҳо, лавозимоти мактабӣ ва дигар туҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардида, ба Ӯ саломатии бардавом ва ояндаи дурахшон орзу карда шуд. Кӯдакон аз чунин таваҷҷуҳу ғамхорӣ изҳори хушнудӣ намуда, шодиву фараҳмандии онҳо ба чорабинӣ ҳусни тоза бахшид.

Таъкид гардид, ки ғамхорӣ нисбат ба кӯдакон, махсусан кӯдакони ниёзманд, яке аз арзишҳои муҳими ҷомеаи инсонпарвар буда, дастгирии онҳо барои ташаккули насли солим, босавод ва ватандӯст заминаи мусоид фароҳам меорад. Чунин иқдомҳои хайриявӣ эҳсоси меҳрубонӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва масъулияти иҷтимоиро дар ҷомеа таҳким бахшида, барои ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои кӯдакон мусоидат менамоянд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: info@hhdtkhatlon.tj

viloyat@hhdtkhatlon.tj

Tel: (83222) 2-94-19
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Фейсбукии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

Саҳифаи Фейсбукии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон