БАРОИ ПЕШРАФТ ВА САОДАТИ ХАЛҚИ ТОҶИКИСТОН

ҲАШАРИ ДАСТАҶАМЪОНА ВА КОРҲОИ ОБОДОНӢ ДАР НАЗДИ КУМИТАИ ИҶРОИЯИ ҲИЗБИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН ДАР НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ

ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ : Дар доираи истиқболи сазовор аз 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳошияи эълон гардидани Соли 2026 "Соли вусъат додани корҳои ободонию созандагӣ, тақвияту таҳкими худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ", дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат ва ташаббуси раиси вилояти Хатлон «300 рӯзи созандагиву бунёдкорӣ ва масъулият барои ояндаи дурахшони Ватан» ва аксияи ҳизбии “365-рӯзи ободониву созандагӣ” корҳои ободонӣ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бо маром идома дорад.

Дар ҷараёни ин иқдоми созанда санаи 30 майи соли 2026 кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия дар корҳои ободонӣ иштирок намуда, бо ин васила саҳми арзандаи худро дар тозагиву ободонии муҳити атроф саҳм гузоштанд. Боиси зикр аст, ки тозакории дастаҷамъона омили назофату покизагӣ буда, ба вазъи санитарию гигиенӣ ва экологии муҳити зист инчунин ба маърифати экологии сокинон таъсири мусбат мерасонад.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: info@hhdtkhatlon.tj

viloyat@hhdtkhatlon.tj

Tel: (83222) 2-94-19
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Фейсбукии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

Саҳифаи Фейсбукии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон