
НОРАК: Бо мақсади самаранок истифода бурдани заминҳои наздиҳавлигӣ ва хоҷагиҳои ёрирасони шахсӣ бо иштироки масъулини КИ ҲХДТ дар шаҳри Норак аз Ҷамоати деҳоти Дӯконӣ бо усули «хона ба хона» корҳои фаҳмондадиҳиро роҳандозӣ намуда, аз ҳар як оила дидан карда, истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигии сокинонро дида намуданд.
Масъулини Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Норак, зимни суҳбат бо ҳар як сокини деҳаи Сари Гузар қайд намуданд, ки тавре, ки дар Паёми имсолаи худ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастур доданд, ки бо истифода аз тухмиҳои аълосифат ва самаранок истифода бурдани ҳар як порча заминҳои наздиҳавлигӣ ва бо ҳамин роҳ гирифтани то се ҳосилро хусусан дар соли 2026 таъмин намоянд. Бо назардошти вазъи мураккаби ҷаҳони имрӯза ҳар як сокини ҷумҳуриро зарур аст, ки захираи ду солаи гандум, ва дигар зироатҳоро тарзе ба роҳ монем, ки ба ҳар гуна мушкилоти эҳтимолӣ омода бошем.
Илова бар ин вобаста ба истифодаи мақсадноки замин масъулин таъкид доштанд, ки дар сурати истифодаи дурусти замин мо метавонем маҳсулоти кишоварзиро дар бозорҳои кишвар таъмин сохта нарху навои онро бошад, муътадил нигоҳ дорем, қайд намуданд масъулини гурӯҳи корӣ ҳангоми усули хона ба хона.


















