
ДӮСТӢ: Тибқи нақша чорабиниҳои КИ ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ сӯҳбату вохӯриҳо бо усули “Хона ба хона”, бахшида ба 35-умин солгарди ҷашни муқаддаси Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби кормандони ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ Имомёрбекзода Фариза ва мутахасиси шуъбаи кор бо занон ва оилаи МИҲД ноҳия дар Ҷамоати деҳоти Ҷиликул дар кӯчаҳои марказии ноҳия бо аҳолӣ суҳбату вохӯриҳо доир гардид.
Зимни мулоқотҳо ба масъалаҳои муҳими аз байн бурдани фарҳанги бегонапарастӣ, эҳёи арзишҳои миллӣ, ҳурмату иззати якдигар, махсусан ҷойгоҳи зан дар оила ва ҷомеа таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд.
Ҳамзамон, ба сокинон оид ба тарбияи фарзандон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, эҳтироми анъанаҳои миллӣ ва пешгирии ҳар гуна падидаҳои номатлуб, тозагии дару девори хонаву кошонаи худ тавсияҳои муфид дода шуданд.


















