БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Activities calendar

09 Май 2019

БАРГАРДОНИДАНИ КЎДАКОНИ ТОҶИК НИЯТИ НЕК АЗ СИЁСАТИ ИНСОНПАРВАРОНАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ АСТ!

АНДЕША. Ҳамагон огоҳи дорем, ки як қатор ҳамватанони мо бо кўдакони хеш, дар натиҷаи мағзшўии доираҳои ифротӣ гумроҳ гардида ба сафи ДИИШ ва дигар нерўҳои террористию экстремистӣ пайваста вориди сарзамини Ироқ шудаву дар натиҷа волидайнашон ҳангоми дар сафи ДИ будан дар ҷангҳои хунин дар Сурия ва Ироқ куштаву қисми дигарашон дар маҳбасҳо зиндонӣ шуда кӯдаконашон бесоҳиб монданд.

ХИЗМАТҲОИ ИШТИРОКЧИЁНИ ҶБВ ФАРОМӮШ НАХОҲАНД ШУД!

ҶАЙҲУН. Бо ташаббуси бевоситаи раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун бахшида ба таҷлили ҷашни Рӯзи Ғалабаи халқҳо дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ба ду нафар иштирокчии ин набардҳо кӯмаки моддии яквақта расонида шуд.

АЁДАТИ ИШТИРОКЧИИ ҶАНГИ БУЗУРГИ ВАТАНӢ

ФАРХОР. Тибқи дастури мақомоти болоии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор дар арафаи Иди Ғалаба ба аёдати иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ Мирзоев Раҳим рафта ба ӯ кумаки молиявӣ расониданд.

МУЛОҚОТ БО САРҲАДБОНОН ДАР АРАФАИ РӯЗИ ҒАЛАБА

ФАРХОР. Дар робита ба ҷашни 74-умин солгарди Ғалабаи Халқи советӣ бар фашизми гитлерӣ кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияии Фархор бо сарҳадбонони Дидбонгоҳи сарҳадии №7-и мустақар дар деҳаи Муҳоҷирободи деҳоти Дарқади ноҳия мулоқот оростанд.

АЁДАТИ ИШТИРОКЧИИ ҶБВ АЗ ТАРАФИ ҲИЗБИЁНИ ШАҲРИ НОРАК

НОРАК. Санаи 8.05.2019 масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба дастгирии иштирокчиёни ҷангу меҳнат дар арафаи Иди Ғалаба аз аҳволи фарзанди шуҷоъи Ватан Гулов Малах, истиқоматкунандаи маҳаллаи Энергетики шаҳри Норак, ки дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ баҳри ҳимояи Ватан хизмати арзанда кардааст ва имрўз давлати пирӣ меронанд, хабар гирифтанд.

ҒАМХОРӢ ДАР ҲАҚҚИ ИШТИРОКЧИЁНИ ҶАНГУ МЕҲНАТ ВАЗИФАИ ҲАР ЯК ФАРДИ ВАТАДУСТИ ҶОМЕА МЕБОШАД!

Н.ХУСРАВ. Бо мақсади дастгирии иҷтимоии иштиркчиёни ҷангу меҳнат бахшида ба Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои  1941-1945 кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи  Носири  Хусрав ба аёдати як нафар иштирокчии ҶБВ сокини  маҳаллаи Сангбаи Ҷамоати деҳоти «Наврӯз» Фардаев Эшмирзо  рафта,  ӯро  ба  муносибати  Рӯзи  Ғалаба  табрик  намуда, ҳамзамон ба ӯ кӯмаки яквақтаи молиявӣ расониданд.

ЯКДИЛУ ЯКМАРОМ БАР ЗИДДИ АМАЛҲОИ КОРРУПСИОНӢ МУБОРИЗА МЕБАРЕМ!

КӮЛОБ. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Хати роҳ” бо аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ маҷлис баргузор гардид.

ҲИФЗ НАМУДАНИ ФАРҲАНГИ АҶДОДӢ ВАЗИФАИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ!

КӮЛОБ. Дар доираи "Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ". Бо мақсади иҷрои корҳои фаҳмондиҳӣ ва тарғиби либоси миллӣ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Ҷумъа Алӣ” бо аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ мулоқот анҷом дода шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg