
КӮЛОБ. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Хати роҳ” бо аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ маҷлис баргузор гардид.
Маҷлисро раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Хати роҳ” Нозимова Фаришта кушода, баъдан сухан ба муовини раиси Кумитаи иҷрияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Фирузи Саидмӯъмин дода шуд.
Фирузи Саидмӯъмин зимни баромад гуфт, ки мавҷудияти амалҳои коррупсионӣ ҳам ҷанбаи манфии маънавӣ, ҳам ҳуқуқию сиёсӣ ва ҳам амниятӣ дорад. Яъне коррупсия хатари таҳдидкунандае ҳаст дар радифи терроризму экстремизм ба амният ва истиқлолияти давлатии мо
Дигар иштирокдорон низ баромад намуда, мубориза алайҳи ин омили хатарноки ҷомеаро вазифаи нафақат мақомоти давлатӣ, балки тамоми аҳли ҷомеа, ҳар як шаҳрванд ва ҷомеаи шаҳрвандӣ арзёбӣ намуда, ваъда доданд, ки якдилу якмаром бар зидди амалҳои коррупсионӣ мубориза мебаранд.