БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲИФЗ НАМУДАНИ ФАРҲАНГИ АҶДОДӢ ВАЗИФАИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ!

КӮЛОБ. Дар доираи "Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ". Бо мақсади иҷрои корҳои фаҳмондиҳӣ ва тарғиби либоси миллӣ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Ҷумъа Алӣ” бо аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ мулоқот анҷом дода шуд.

Дар мулоқот мудири шуъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб, ҳамзамон роҳбари ТҶҶ “Созандагони Ватан” Мунаввараи Бозоралӣ ва раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Ҷумъа Алӣ” Назриева Дилафрӯз иштирок ва суханронӣ  намуданд.

Зимни мулоқот гуфта шуд, ки солҳои охир бо майл кардан ба бегонапарастӣ ва тақлидкорӣ занону духтарони мо пӯшиданӣ либосҳои барои миллати мо бегонаро пеша кардаанд, ки ин ягон асолати милливу динӣ надорад. Ҳисси бегонапарастӣ ва тақлидкорӣ дар мавриди сару либос ва рафтору гуфтор дар байни занону духтарон метавонад ба устувории рукнҳои фарҳанги миллӣ таъсири манфӣ расонад.

Ҳадафи аслии баргузор намудани мулоқотҳо тарғиби либоси миллӣ миёни духтарону бонувон ва ҳамзамон ҳифзу нигоҳдошти фарҳанги аҷдодӣ аз омезишёбӣ ба фарҳангу тамаддуни барои миллати мо бегона аз ҷониби баромадкунандагон унвон гардид.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg