БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МУЛОҚОТ БО САРҲАДБОНОН ДАР АРАФАИ РӯЗИ ҒАЛАБА

ФАРХОР. Дар робита ба ҷашни 74-умин солгарди Ғалабаи Халқи советӣ бар фашизми гитлерӣ кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияии Фархор бо сарҳадбонони Дидбонгоҳи сарҳадии №7-и мустақар дар деҳаи Муҳоҷирободи деҳоти Дарқади ноҳия мулоқот оростанд.

Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия сарҳадбононро бо Иди Ғалаба табрику муборакбод намуда, ба онҳо дар иҷрои вазифаи муқаддасашон-ҳифзи сарҳади давлатӣ барору комёбӣ орзу намуд.

Ҳамчунин, ба сарҳадбонон барои оростани дастурхони  идона маҳсулоти ғизоӣ, аз қабили нон, гушт сабзӣ, равған, биринҷ, обҳои ташнашикан ва сабзавоту полезиҳо тақдим карда шуд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg