БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

БАРГАРДОНИДАНИ КЎДАКОНИ ТОҶИК НИЯТИ НЕК АЗ СИЁСАТИ ИНСОНПАРВАРОНАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ АСТ!

АНДЕША. Ҳамагон огоҳи дорем, ки як қатор ҳамватанони мо бо кўдакони хеш, дар натиҷаи мағзшўии доираҳои ифротӣ гумроҳ гардида ба сафи ДИИШ ва дигар нерўҳои террористию экстремистӣ пайваста вориди сарзамини Ироқ шудаву дар натиҷа волидайнашон ҳангоми дар сафи ДИ будан дар ҷангҳои хунин дар Сурия ва Ироқ куштаву қисми дигарашон дар маҳбасҳо зиндонӣ шуда кӯдаконашон бесоҳиб монданд.

Шукронаи Эзиди пок, дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон,  кўдакон ноболиғ, ки 84 нафарро ташкил мекарданд, аз Ироқ ба Ватани азизу маҳбубамон баргардонида шуданд.

Чунин амал ифодагари иқдомҳои башардўстона ва хайрхоҳонаи  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда бори дигар ба оламиён исбот намуданд, ки ў ҳамчун Пешвои миллат ғамхори халқу Ватан буда бо иқдомҳои наҷибона ва сиёсати инсондўстона намехоҳанд, ки мардуми тоҷик, алалхусус ягон кўдаки тоҷик берун аз Ватан хору зор бошанд.

Бояд қайд кард, ки дар таҷрибаи қариб ҳама мамолики дунё, чунин ҳолатҳо бисёр будаву вале баргардонидани пушаймоншудаҳою кўдакони ба мушиҳода нарасидааст. Аз азал баргардонидани шаҳрвандони Тоҷикистон, бахусус ноболиғон аз кишварҳои ҷангзадаи Ироқу Сурия яке аз масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи пайвастаи Роҳбари давлат буду ҳаст ва боқӣ хоҳад монд. Бо гузашти ҳазорсолаҳо имрўз соҳиби Ватани озоду маҳбуб-Тоҷикистони азиз ҳастем. Беватаниву бегонапарастӣ-ин худ касофатисту  бадбихтист, бединиву бемазҳабист.

Биёяд накҳати бадбахтӣ аз гулзори бегона,

Чӣ хушбахтам, агар дар пояи хори Ватан мирам.

Аз ин рў ҳамватанони азиз!

Мо ҳамагон як Ватан дорем, ки номаш Тоҷикистон буда Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон на танҳо Пешвои муаззами миллатамон ҳастанд, балки Пешвои тоҷикони дунё  буда дар арсаи сиёсӣ аз сиёсати инсондўстонаву ғамхоронаи ў ҷонибдорию пайравӣ  карда дар тақвият бахшидани ваҳдати миллиамон саҳмгузор гузошта бар зидди ҳамагуна  хатарҳои геополитикӣ муборизаи беамон барем.

Зеро, барҳақ Пешвои миллат қайд намудаанд;- «Истиқлолиятро соҳиб шудан ҳанўз кам нест, онро ҳифз намудан, пуштибони кардан, тақвият бахшидан ва ҳамчун арзиши муқаддастарини давлату давлатдорӣ дарк намудан ва пос доштан зарур аст»

Муҳаммаддовуд Ҳалимов – раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg