КӮЛОБ. Тибқи нақша чорабиниҳои шуъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб бо иштироки аъзои намояндагии ТҶҶ "Созандагони Ватан"-и назди Кумитаи иҷроия бахшида ба 76-солагии Иди Ғалаба Аксияи хизбӣ таҳти унвони “Ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз фаромӯш намешавад” доир гардид.
КӮЛОБ. Бо иштироки аъзои намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар толори Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб семинари омӯзишию машваратӣ ташкил ва баргузор карда шуд.
ВОСЕЪ. Тарбия намудани насли ояндасози миллат амали саҳлу осон набуда, аз аҳли ҷомеа, омӯзгорону волидон ирода ва саъйю талоши ҳамешагиро талаб мекунад, қайд кард, раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ Сафар Ҳафиза Разоқ зимни вохӯрӣ бо мураббияҳои ташкилоти ибтидоӣ ҳизбии “Офтобак-Боғчаи №2”-и ҷамоати шаҳраки Ҳулбуки ноҳия.
ВОСЕЪ. Дасти ҳамдигарро гирифтан, дар ғаму шодии якдигар шарик шудан, дар мусибат дар бари бародару хоҳари худ рост будан яке аз фазилатҳои хуб ва неки мардуми тоҷик мебошад. Ва аз чунин фазилатҳо сокинони ноҳияи Восеъ низ истисно нест.
ВОСЕЪ. Ноҳияи Восеъ, дар ҳамворӣ воқеъ гашта, аз ин ноҳия се дарё Сурхоб, Ёқсу ва Кӯлобдарё мегузарад. Селе, ки аз ноҳияҳои кӯҳӣ, Балҷувону, Ховалинг, ноҳияи Шамсиддин Шоҳин ва Темурмалик мефарояд, ба ин дарёҳо рехта аз ноҳияи Восеъ мегузарад. Бо ҳамин сабабҳо вақти гузаштани сел, дар ин ноҳия хатари офати табиӣ зиёд мешавад.
ВОСЕЪ. Ҳар ҳафта рӯзҳои сешанбе ва ҷумъа тибқи нақшаи тасдиқнамудаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ дарсҳои курси омӯзишии “Созандагони Ватан” гузаронида мешавад.
ВОСЕЪ. Тағйирёбии иқлим на танҳо ба муҳити зист таъсир мерасонад, балки боиси сар задани ҳама гуна офатҳои табиӣ мегардад. Бахусус, гарм шудани ҳаво метавонад боиси тез об шудани пиряхҳо ва сероб гаштани дарёҳо гардад, ки ин ба омадани сел оварда мерасонад. Инчунин, тағйирёбии иқлим боиси боридани боронҳои сел, жола мегардад.
ВОСЕЪ. Бо мақсади бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ дар ҷамоати деҳоти Гулистони ноҳияи Восеъ кормандони масъули ҳизбӣ, сокинони хайрхоҳи ҷамоати мазкур, аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ корҳои тозакунии кӯчаҳо ва хонаҳои истиқоматии сокинони аз офати табиӣ зарадида аз лойоба бо маром идома дорад.
ВАХШ. Ҷиҳати дасти кумак расонидан ба шахсони ятиму бепарастор, барҷомондагон ва шахсони ниёзманд дар иду ҷашнҳо бахшида ба иди сайиди Фитр ба як нафар ниёзманд аз ҷамоати шаҳраки Вахш Маҳмадиев Умаралӣ кумаки моддӣ расонида шуд.
Ҷ. БАЛХӢ. Бо ҷалби вакилон, соҳибкорон ва саховатмандон бахшида ба иди Сайиди фитр бо дастгирии ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Ваҳдат” ба оилаҳои ниёзманд ва маъюб кумаки моддӣ, аз қабили орд, равған биринҷ, шакар ва дигар маҳсулотҳои ғизоӣ расонида шуд.
АХБОРИ ҲХДТ
НОВОСТИ НДПТ
NEWS PDPT
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон
АМИТ Ховар
МИҲД вилояти Хатлон
вилояти Хатлон
735140 шаҳри Бохтар
кӯчаи. Айни №47
Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон
Email: hkhdt_khatlon@mail.ru
Tel: (83222) 2-82-92 Fax: (83222) 2-12-12