ХУРОСОН. Хоҷагии деҳқонии «Иқболӣ» - и ҷамоати деҳоти Ҳилолӣ ҳар як ваҷаб заминро самаранок истифода бурда, дар хоҷагиҳои деҳқонӣ кишти пахта ва дигар сабзавотҳоро ба роҳ мондааст.
ХОВАЛИНГ. Кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ховалинг дар асоси амалиёти умуминоҳиявии “Рӯзи ёдоварӣ” ҷиҳати ободонии қабристонҳо корҳои муайянеро ба иҷро расонида истодаанд.
ФАРХОР. Бо мақсади истиқболи сазовор аз Рӯзи Ҷавонони Тоҷикистон бо корбарии масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор мусобиқаҳои варзишӣ, аз қабили волейбол ва футбол миёни ҷавонону наврасони ноҳия зери унвони “Ҷавонӣ айёми некномӣ” баргузор гардида истодааст, ки дар ин мусобиқаҳо зиёда аз 10 даста аз ҳамаи ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия иштирок доранд.
ФАРХОР. Дарси навбатии курси омӯзишӣ барои аъзои намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” бо иштироки масъулини Кумитаи иҷроия дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 10-и ноҳия баргузор карда шуд.
АНДЕША. Чуноне ки огоҳӣ дорем, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз менамояд, ки 70% -и ҷомеаи навини комилро ҷавонон ташкил мекунанд ва қувваи бузурги пешбарандаи ҷомеа ба ҳисоб мераванд. Аз ин хотир имрӯз соҳае нест, ки дар он ҷавонони бонангу номус кору фаъолият надошта бошанду сарварии ташкилоту корхонаҳои кишварро низ ба зимма г
ДӮСТӢ. Бо мақсади тарғиби бештари озмунҳои ҷумҳуриявӣ, зери унвони "Нақши китоби "Тоҷикон"-и Бобоҷон Ғафуров дар шинохти асолати миллӣ", "Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст", "Тоҷикистон-Ватани азизи ман" ва "Илм фурӯғи маърифат", ки бевосита бо иқдом ва дастгирии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Э
ПАНҶ. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Панҷ ҷиҳати пешгирии паҳншавии бемории сироятии COVID-19 ва самаранок истифода бурдани қитъаи замини наздиҳавлигӣ бо усули “хона ба хона” миёни сокинони ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ “Сулҳ ” бо иштироки масъулини Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб вохӯриву мулоқотҳо баргузор
ВОСЕЪ. Бо мақсади бедор намудани ҳисси ҷавонон барои ватандӯстӣ ва ихтиёран сафарбар шудани онҳо барои хизмат ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон Кумитаи иҷроияи ҲХДТдар ноҳияи Восеъ дар ҳамбастагӣ бо ТҶММ (Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиа) миёни хонандагони синфҳои болоии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия мусобиқаи варзишӣ баргузор намуданд.
ҶАЙҲУН. Меҳнати софдилонаву бошараф дар ҳама давру замон қадр мешавад. Оне, ки бо дасту дили пок хизмати меҳанашро ба сомон мерасонад, ҳамеша дар маркази таваҷҷуҳи давлату ҳукумат қарор мегирад.
КӮЛОБ. Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар партави сиёсати башардӯстона ва ятимпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешравиҳои зиёде дар бахши ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, аз ҷумла дар самти дастгирию кумаки ятимону бепарасторон ба вуқуъ пайваста, нафарони эҳтиёҷманд ҳамеша зери тавваҷуҳи давлату ҳукумат қарор доранд.
АХБОРИ ҲХДТ
НОВОСТИ НДПТ
NEWS PDPT
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон
АМИТ Ховар
МИҲД вилояти Хатлон
вилояти Хатлон
735140 шаҳри Бохтар
кӯчаи. Айни №47
Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон
Email: hkhdt_khatlon@mail.ru
Tel: (83222) 2-82-92 Fax: (83222) 2-12-12