ҶАЙҲУН. Дар доираи иқдомҳои неку хайрхоҳонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон собиқадорони меҳнат аз тарафи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун аёдат карда шуда, кумаки молиявӣ ба ҳар яки онҳо ба миқдори 300 сомонӣ расонида шуд.