Н.ХУСРАВ. Оила як воҳиди ҷамъият буда, асоси онро ташкил мекунад. Ба маънои васеяш он боз хешу ақрабоҳоро низ дар бар мегирад. Аҳамияти психологии оила аз он иборат аст, ки таҷрибаи даврони кӯдакии ҳар як фард, дар муҳити он ташаккул меёбад. Бахшида ба Рӯзи оила Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Носири Хусрав бо иштироки як гурӯҳ занони собиқадор, аз ҷумла оилаҳои намунавии ноҳия миззи мудаваар баргузор намуд.
Раиси Кумитаи иҷроия дар ноҳия Ализода Сурайё баромад намуда, қайд намуд, ки Президенти кишвар зимни қироати худ дар Паёмашон соли 2015-ро ҳамчун соли оила эълон намуданд, ки ҳамасола ин рӯз ҳамчун Рӯзи оила дар кишварамон қайд мегардад.
Пешвои миллат дар Паёмҳои ҳамасолаи худ қайд менамоянд, ки масъалаҳои маърифати оиладорӣ, баланд бардоштани масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд, омода кардани фарзандон ба ҳаёти мустақилона ва пойдории оила аз ҷумлаи мушкилоте мебошад, ки диққати доимии тамоми мақомоти давлатӣ, муассисаҳои таҳсилотӣ ва кулли аъзои ҷомеа мебошад.
Бояд эътироф намоем, ки оила дар тарбияи кӯдакон дар боби тайёр намудани онҳо ба ҳаёти ҷамъиятии онҳо нақши муҳим мебозад. Барои ҳамин ҳам ҳаёти оилавӣ бояд муқаддимаи ҳаёти иҷтимоӣ бошад ва тифл аз онҷо барои ҳаёти ҷамъиятӣ пухта ба камол расад.Оила бояд аз як тараф маркази тандурустӣ, беҳдошти ҷисмонӣ ва ақлӣ ва аз тарафи дигар маркази тарбияи ҷисмӣ рушди психологӣ ва аз тарафи саввум маркази омода кардани фард ба ҳаёти иҷтимоӣ мебошад.