ФАРХОР. Ҷиҳати баланд бардоштани масъулияти ҳар як аъзои ҳизб ва ба ин васила муайян намудани мавҷудияти шаҳодатномаҳои ҳизбӣ дар доираи Амалиёти ҳизбӣ таҳти унвони “Шаҳодатномаи ҳизбӣ – ифтихори ман” масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор аз ташкилоти ибтидоии “Фирӯз”-и деҳаи Фирӯзи ҷамоати деҳоти Истиқлоли ноҳия дидан намуданд.
Дар натиҷаи аз назаргузаронии шаҳодатномаҳои ҳизбӣ маълум гашт, ки ҳамаи аъзои ташкилот шаҳодатномаҳои ҳизбӣ доранд, вале дар баъзеи онҳо камбудиҳо дида мешаванд. Якеашон муҳри пардохт надоранд, дигаре муҳлаташ ба охир расидааст, сеюмин аллакай фарсуда шудааст, ки вобаста ба ин ҳолатҳо ба раиси ташкилоти ибтидоии мазкур супориш дода шуд, ки дар муҳлатҳои кӯтоҳтарин дар ҳамкорӣ бо Кумитаи иҷроия камбудиҳои дар шаҳодатномаҳои ҳизбӣ ҷойдоштаро бартараф намоянд.
Ҳамчунин аз ҳолати ҳуҷҷатгузорӣ ва муътадил намудани ҳаракати аъзои ҳизб дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор дидан намуданд. Ҳаракати аъзои ҳизби ташкилоти мазкур ба танзим дароварда шуда, ҳар моҳ ба Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия ҳисоботҳои оморӣ пешниҳод менамоянд. Дар масъалаи ҳуҷҷатгузорӣ бошад баъзе камбудиҳо ҳоло низ ҷой доранд, ки оиди бартараф намудани онҳо ба роҳбари ташкилот дастур дода шуд.