БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

АКСИЯИ ҲИЗБИИ «ТОЗАГИИ МАҲАЛ» БАРГУЗОР ГАРДИД

Н.ХУСРАВ. Бахшида  ба  таҷлили  сазовори  Рӯзи  Ҷавонони  Ҷумҳурии  Тоҷикистон бо  ташаббуси   Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ  дар  ноҳияи  Носири  Хусрав  дар роҳи  даромади маҳаллаи Арабхонаи  Ҷамоати деҳоти Истиқлоли ноҳия   бо ҷалби  ҷавонон, аъзо  ва  ҷонибдорон,   волонтёрони  ҳизбӣ  Аксияи  ҳизбии «Тозагии маҳал»  баргузор гардида,   шоҳроҳи маҳаллаи мазкур аз алафҳои бегона тоза карда шуданд ва бехи дарахтони  ду тарафи роҳи даромади  маҳалла  мулоим   ва сафед карданд.

Раиси Кумитаи  иҷроия  Ализода Сурайё дар  баргузории  Аксияи  мазкур  иштирок ва  баромад  намуда,  қайд  кард, ки  мо  раванди  ободкориву  созандагиро  беш аз  пеш  густариш  бахшем, сарҷамъу  муттаҳид  бошем, камбудиву  норасогиҳои  ҷойдоштаро  бартараф  намуда, ҷашни 30- солагии  Истиқлолияти давлаттмонро дар  руҳияи баланди  ватандорӣ  истиқбол  намоем.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg