БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

БОТАНТАНА СУПОРИДАНИ ШАҲОДАТНОМАҲОИ ҲИЗБӢ

Н.ХУСРАВ. Масъулини Кумитаи  иҷроия бо  мақсади  баргузории  амалиёти «Шаҳодатномаи ҳизбӣ- ифтихори  ман»  дар  ташкилоти  ибтидоии  «Шаҳраки Баҳор  дар  ҳамкорӣ  бо  раиси  ташкилоти  ибтидоӣ  ба  як  қатор  шаҳрвандон, ки  аъзои   ҳизб  қабул  шудаанд,  шаҳодатномаҳои  ҳизбиро  дар вазъияти  тантанавӣ тақдим  намуданд.

Раиси  Кумитаи  иҷроия  Ализода  Сурайё  дар  маросими  ботантана  супоридани  шаҳодатномаҳои  ҳизбӣ   қайд  намуд, ки  узвият  ба  ҳизб садоқат  ба  Ватан ва  давлат буда, ба  шаҳрванд мақоми  сиёсӣ дода, ба  ӯ ҷиҳати  иштирок ва  саҳмгузории  бевосита  дар  идоракунии  муносибатҳои  сиёсӣ имконият  фароҳам  меоварад. Барои  ҳар  як  шаҳрванди  Тоҷикистон  аъзои  Ҳизби  Халқии  Демократии  Тоҷикистон будан боиси  ифтихор   ва сарфарозӣ  мебошад, зеро  роҳбарии  ҳизб   Пешвои  миллат  муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон  аст. Ҳизб бо  ҳадафҳои  созандаи  худ дар  байни  мардум  ҳамчун ҳизби  халқӣ  маъруфу машҳур  гардидааст.  

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg