ҶАЙҲУН. Тибқи нақшаи кории Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии деҳаи “Сомонӣ”-и ҷамоати деҳоти Панҷи ноҳияи Ҷайҳун бо иштироки васеи сокинон чорабинии ҳизбӣ баргузор гардид.
Ш.ШО
Н.ХУСРАВ. Масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Носири Хусрав бо мақсади ба сокинон фаҳмонидани муҳтавои Паёми имсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамарӯза корҳои фаҳмондадиҳиро мунтазам ба роҳ монда истодаанд.
ХУРОСОН. Дар маҷлисгоҳи ҷамоати деҳоти Ҳилолии ноҳияи Хуросон бо иштироки муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон Ғуломов Саидасрор бо раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии деҳаҳои ҷамоати деҳоти мазкур гузаронида шуд.
ХОВАЛИНГ. Ҷашни Наврӯзро падару модарон ва хонандагони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 1 - и ноҳия бо шукӯҳу шаҳомат таҷлил намуданд. Хонандагону омӯзгорони муассиса барои ҷой додани ҳамаи оинҳои ин ҷашни мардумӣ дар чорабинии баргузорнамудаашон кӯшиши зиёд карданд.
ФАРХОР. Бахшида ба иди байналмилалии Нарӯзи аҷам аз тарафи кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор ба сарҳадбонони дидбонгоҳи сарҳадии деҳаи Муҳоҷирободи деҳоти Дарқад ҷиҳати оростани дастурхони идона маводи ғизоӣ кумак расонида шуд.
АНДЕША. Ҳамасола дар кишварамон санаи 11 март ҳамчун Рӯзи матбуоти тоҷик таҷлил гардида, аз мақому манзалати сухану санъати журналистика ва расонидани хабару гузоришҳои воқеъбинона доираҳои гуногуни ҷомеаи шаҳрвандӣ изҳори андеша менамоянд.
АНДЕША. Дар ҳақиқат Наврӯз асрҳои дароз бар ҳама ҷашнҳои ҷаҳон ҷилва мебахшад, ҷашни ҷаҳону ҷавонию шодмонист, ҷашни замину офтоб аст, шӯр заданҳову ҷӯши шукуфтанҳо, саршор аз нури шукӯҳи оғоз аст. Иди Наврӯз дар таърих ва фарҳанги мардумони ориёинажод, аз ҷумла тоҷикон мақоми махсус дорад. Якчанд арзишҳои фарҳангии ниёгони мо тавассути китоби «Авасто» то ба имрӯз ба мо боқӣ мондааст.
АНДЕША. Наврӯз аз зумраи идҳое мебошад, ки қадимтарин буда, онро мардуми тоҷик дар қатори дигар халқу миллатҳо бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил менамояд. Наврӯзро соли нави мардуми ориётабор маънидод намуда, он ҳар сол 21-уми март бо муҳаббату самимият пешвоз гирифта мешавад. Чуноне ки аз номи он бармеояд, Наврӯз маънии “рӯзи нав”-ро дошта, дар ибтидои соли нави хуршедӣ таҷлил мегардад.
ПАНҶ. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Панҷ бо мақсади тақвият бахшидан ба корҳои ободониву созандагӣ, тозаю обод гардонидани кӯчаю гулгаштҳои маркази шаҳрак, ҳамзамон ҷиҳати сазовор ҷашн гирифтани Наврўзи байналмилалӣ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Сулҳ» бо ҷалби ҷавонон корҳои ободонӣ ташкил ва гузарон
БАРОИ ПЕШРАФТ ВА
САОДАТИ ХАЛҚИ
ТОҶИКИСТОН
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон
АМИТ Ховар
МИҲД вилояти Хатлон
вилояти Хатлон
735140 шаҳри Бохтар
кӯчаи. Айни №47
Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон
Email: info@hkhdtkhatlon.tj
viloyathkhdtkhatlon@mail.ru
Tel: (83222) 2-94-19 Fax: (83222) 2-12-12