БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

НАҚШИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР БА ДАСТ ОВАРДАНИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ

Ҷ.БАЛХӢ. Тибқи нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия бо иштироки кормандони Кумита бахшида ба сазовор ҷашн гирифтани 24-солагии Ваҳдати миллӣ, Аксияи хизбӣ таҳти унвони “Нақши Пешвои миллат дар ба даст овардани Ваҳдати миллӣ ва моҳияти таърихӣ доштани он” баргузор гардид.

ДОНИШ АНДАР ДИЛ ЧАРОҒИ РАВШАН АСТ...

АНДЕША. Дар “Қуръон”-и маҷид аввалин сухане, ки ба инсоният аз ҷониби Худованди бузург гуфта шуд, ин калимаи “бихон” мебошад. Ин ҷо ҳикмате нуҳуфта аст, ки арзишашро бо моли ҷаҳон наметавон баркашид. Маҳз тавассути хондану омӯхтан пешрафт ба амал меояд. Илму дониш моро ба қуллаҳои баланди мурод мерасонад. Чашми шахси хирадманд ҳақбин мебошад, дӯстро аз душман фарқ мекунад, дар зиндагӣ ба қадри хубиҳо мерасад.

НЕКӢ БИМОНАД ҶОВИДОН...

АНДЕША. Некӣ кардан аз хислатҳои хуби инсонист. Китоби қадимаи тоҷикон “Авесто” моро ба сӯи хубиҳо “рафтори нек, гуфтори нек, пиндори нек” раҳнамун месозад. Инсон метавонад бо кори некаш ба дили мардумон роҳ ёбад. Некиро ҳеҷ кас фаромӯш намекунад. Одами оқилу хирадманд ҳамеша дар пайи иҷрои амалҳои хуб мекӯшад. Чунончи шоири бузурги мо Абулқосим Фирдавсӣ фармудаанд:

САОДАТИ МИЛЛАТ ДАР ВАҲДАТ АСТ

АНДЕША. Парокандагии миллӣ, ҷудогӣ ба маҳалу гурӯҳҳо ва паси сангари муқобил пайи қасди ҷони якдигар қарор гирифтани тоҷикон, ки акнун истиқлолият насибашон гашта буд, воқеан даҳшат ва хатари азиме буд. Тақдир ва сарнавишти миллати тоҷик дар солҳои 1992-1994 чун “ашки сари мижгон” дар вазъи ҳассосе қарор дошт.

МО ҲАМЕША ҶОНИБДОРИ ВАҲДАТЕМ!

АНДЕША. Ваҳдати миллӣ дар байни ҷашнҳои дигар мақоми хосса дорад, зеро мо бо ин рӯзи неки пурсаодат бар ивази талафотҳои бузурги моддию маънавӣ ва ҷонӣ расидаем. Оре, ваҳдат метавонад, омили сарҷамъии миллат, тинҷию оромӣ ва фазои озоду созандаро муҳайё созад. Ваҳдати миллӣ тавонист теша ба решаи кинаву адоват, рашку хусумат, бадбиниву бадандешӣ занад.

МАҶЛИСИ ҲИСОБОТӢ – ИНТИХОБОТӢ ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ «БЕМОРХОНАИ ДОҒИСТОН»

ШАМСИДДИН ШОЊИН. Дар толори беморхонаи ќитъавии №2 бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ноњиявии њизб, раиси ташкилоти ибтидої, аъзо ва фаъолони ташкилоти ибтидоии «Беморхонаи Доѓистон» маҷлиси њисобо

МАҶЛИСИ ҲИСОБОТӢ- ИНТИХОБОТӢ ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ ҲИЗБӢ

ШАМСИДДИН ШОҲИН. Дар толори ҷамоати деҳоти Доғистон бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб, раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ, аъзо ва фаъолони ҳизб маҷлиси ҳисоботӣ- интихоботӣ баргузор гардид.

ИШТИРОКЧИИ ОЗМУН ҚАДРДОНӢ КАРДА ШУД

ШОҲИН.  Дар толори Донишгоҳи давлатии Бохтар даври сеюми маҳфил – озмуни «Нақши китоби «Тоҷикон»-и аллома Бобочон Ғафуров дар шинохти асолати миллӣ» доир гардид, ки дар он донишҷӯёну муҳассилини муассисаҳои таълимии вилояти Хатлон иштирок намуданд.

ТЕРРОРИЗМ АЗ ПАДИДАҲОИ НОМАТЛУБИ ҶОМЕА МЕБОШАД

АНДЕША. Воқеан, терроризм яке аз падидаҳои номатлуб ва зиёновару нангинест, ки имрӯзҳо ба проблемаи глобалӣ табдил ёфтааст. Ҳодисаҳои нангини чанд соли охир, ки дар кишварҳои Шарқи Наздик ба вуқуъ пайваста истодааст, ягон нафарро бетараф гузошта наметавонад.

МАҶЛИСИ ҲИСОБОТӢ – ИНТИХОБОТӢ ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ “ҶАВОНОН”

АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ. Зимни баргузории маҷлиси ҳисоботӣ –интихоботии ташкилоти ибтидоии “Ҷавонон”-и ноҳия ҳамаи масълаҳои дар рӯзнома буда мавриди баррасии ҳаматарафа қарор дода шуда, қарорҳои дахдор қабл карда шуданд.

Pages

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg