АНДЕША. Некӣ кардан аз хислатҳои хуби инсонист. Китоби қадимаи тоҷикон “Авесто” моро ба сӯи хубиҳо “рафтори нек, гуфтори нек, пиндори нек” раҳнамун месозад. Инсон метавонад бо кори некаш ба дили мардумон роҳ ёбад. Некиро ҳеҷ кас фаромӯш намекунад. Одами оқилу хирадманд ҳамеша дар пайи иҷрои амалҳои хуб мекӯшад. Чунончи шоири бузурги мо Абулқосим Фирдавсӣ фармудаанд:
Ба гетӣ мамонед ҷуз номи нек,
Ҳар он кас ки хоҳад саранҷоми нек.
Ба осоишу некномӣ гирой,
Гурезон шав аз марди нопокрой.
Бояд гуфт, ки номи некон аз забон ҳе гоҳ намеравад ва мардум ҳатто баъди ҳазорсолаҳо аз онҳо ба некӣ ёдоварӣ мекунанд. Ин аст, ки корнамоиҳои фарзандони барӯманди тоҷик ба мисли Шерак, Деваштич ва Темурмалик баҳри дифои кишвари азизи аҷдодиамон то ҳол вирди забонҳост ва асло аз хотири мардум фаромӯш нахоҳанд шуд. Ин фарзандони барӯманди Ватан, ки қалбашон саршори меҳру муҳаббат ба диёр буд, барои Ватан ҷон доданд ва ояндагон онҳоро бо некӣ ба хотир меоранду фарзандони худро дар ин руҳия тарбият менамоянд.
Ҳақ ба ҷониби Саъдии Шерозист, ки гуфтааст:
Саъдиё, марди накӯном намирад ҳаргиз,
Мурда он аст, ки номаш ба накӯӣ набаранд.
З-ин рӯ, мо бояд бо хешу табор, ҳамсоягон ва ҳамкорону наздикон бояд хушмуомила бошем ва дар ғайбашон некии онҳоро биандешем. Ин аст бунёди мустаҳками зиндагонӣ, ки роҳи ростро бароямон боз мекунад.
Некиро ҳар кас карда наметавонад, вале бадӣ аз дасти ҳамагон меояд. Аҷаб ҳикматест дар офариниши олам. Шахси некро подош мунтазир аст ва бадонро ҷазову уқубат. Пас чаро мо шайтони лаъинро аз вуҷуди хеш дур наронем ва дар пайи накӯкориҳо накӯшем, ки номамон ҷовидон вирди забонҳо гардад. Амир Хусрави Деҳлавӣ барҳақ фармуда:
Чунон кун зиндагонӣ дар замона,
Ки аз вай зинда монӣ ҷовидона.
Умедаи Акрамзода, мутахассиси шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон