БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

САОДАТИ МИЛЛАТ ДАР ВАҲДАТ АСТ

АНДЕША. Парокандагии миллӣ, ҷудогӣ ба маҳалу гурӯҳҳо ва паси сангари муқобил пайи қасди ҷони якдигар қарор гирифтани тоҷикон, ки акнун истиқлолият насибашон гашта буд, воқеан даҳшат ва хатари азиме буд. Тақдир ва сарнавишти миллати тоҷик дар солҳои 1992-1994 чун “ашки сари мижгон” дар вазъи ҳассосе қарор дошт.

Ваҳшонияти ин рӯйдоди нобасомон, ки доғе ба қалби ҳар пиру ҷавон ҷо намуда, ба ҳар хонадоне осори ғаму андуҳ ниҳода буд, тоқатфарсо ва тасаввурнопазир аст. Дар шеъри Муъмин Қаноат ин ҷанг чунин тасвир ёфтааст:

Чунин разми беназмро кас надид,

Ва тасвири онро набояд кашид.

Зи тифлони гаҳвора то пири кор,

Бишуд сайди ин ҷангу тири шикор.

Ба толеи баланди халқи тоҷик чун тулуи офтобе, ки баъди чанд рӯзи боронҳои пай дар пай синаи абрҳоро шикофта берун мешавад, моҳи ноябри соли 1994 роҳбарии давлати тоҷикон ба уҳдаи шахсе вогузор гардид, ки нахустин суханаш: “Ман кори худро аз сулҳ сар мекунам” буд. Дарвоқеъ, ин шахси ватандӯсту матинирода тавонист орзуву омоли деринтизори тоҷиконро ҷомаи амал пӯшонад. Ӯ ин миллати парокандаву парешон ва ноогоҳ аз мақсадҳои нопоки чанд мансабхоҳи дар қасди ҷони бародари худ камон ба даст гирифтаро ба ваҳдату сарҷамъӣ даъват намуда, сулҳро дар кишвари тоҷикон танинандоз намуд. Маҳз ба шарофати саъю талош ва фидокорию қаҳрамониҳои беназири фарзанди фарзонаи давлати тоҷикон Эмомалӣ Раҳмон яъсу ноумедӣ аз ояндаи торики халқу Ватан барҳам хӯрд.

Воқеан ҳам, ҳиммати баланди бахшандагӣ ва заковату дурандешии фозилонаи сарвари давлатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва сарвари собиқ мухолифин Сайид Абдуллоҳи Нурӣ, ки оқибат ба дарки маънии идомаи ҷанг идомаи тоҷиккушист ва идомаи тоҷиккушӣ фанои миллат аст, расида, дасти якдигарро баҳри сулҳ ва ризоияти миллӣ фишурданд ва 27 июни соли 1997 дар Москав ба созишномаи сулҳ имзо гузоштанд, сазовори ситоиш ва накӯиш аст. Ин амали ҷавонмардона ва хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зиндагии хушу гуворо ва оромию осоиштагии имрӯзаро ба бор овард, дар таърихи халқи тоҷик бо ҳарфҳои заррин сабт гашта, ояндагон онро чун як амали ибратбахш бо ифтихору сарбаландӣ ба худ қабул хоҳанд кард.

Ҷашни Ваҳдати миллӣ муборак бод, ҳамдиёрони азиз!

Умедаи Акрамзода, мутахассиси шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg