![](http://hhdtkhatlon.tj/sites/default/files/styles/medium/public/field/image/20210622_133431.jpg?itok=D-EPi0pF)
ШОҲИН. Дар толори Донишгоҳи давлатии Бохтар даври сеюми маҳфил – озмуни «Нақши китоби «Тоҷикон»-и аллома Бобочон Ғафуров дар шинохти асолати миллӣ» доир гардид, ки дар он донишҷӯёну муҳассилини муассисаҳои таълимии вилояти Хатлон иштирок намуданд.
Бояд гуфт, ки аз ноҳияи Шамсиддин Шоҳин Тоҳиршои Қадамшо хонандаи синфи 11-и муассисаи таълимии № 2-и ноҳия ширкат варзида, дар байни намояндагони 25 шаҳру навоҳии вилоят сазовори ҷойи 3-юм гардида, соҳиби роҳхат ба даври ҷумҳуриявии озмун гардид.