АНДЕША. Дар “Қуръон”-и маҷид аввалин сухане, ки ба инсоният аз ҷониби Худованди бузург гуфта шуд, ин калимаи “бихон” мебошад. Ин ҷо ҳикмате нуҳуфта аст, ки арзишашро бо моли ҷаҳон наметавон баркашид. Маҳз тавассути хондану омӯхтан пешрафт ба амал меояд. Илму дониш моро ба қуллаҳои баланди мурод мерасонад. Чашми шахси хирадманд ҳақбин мебошад, дӯстро аз душман фарқ мекунад, дар зиндагӣ ба қадри хубиҳо мерасад.
Пайғамбари ислом фармудаанд: “Зи гаҳвора то гӯр дониш биҷӯй”.
Обрӯи мардумон дар илм бошад ва шахси беилм мартабае надорад. Абулқосими Фирдавсӣ ин нуктаро хуб ба қалам медиҳад:
Ба дониш мардро бувад обрӯй,
Ба бедонишӣ то тавонӣ, мапӯй.
Аз нигоҳи шоир шахси донишманду донишомӯз аз дигарон бо рафтору гуфтор фарқ мекунад:
Касе, к-ӯ ба дониш тавонгар бувад,
Зи кирдору гуфтор беҳтар бувад.
Донишро бояд биомӯзем ва шарти асосии он ҳифз кардани он мебошад. Фаромӯшӣ офати илм мебошад, фармудааст Абулқосими Фирдавсӣ:
Ҳар он кас, ки дониш фаромӯш кунад,
Забонро зи гуфтор хомӯш кунад.
Низомии Ганҷавӣ дар мисраҳои шеъриаш маънидод намудааст, ки илм бояд дар амал татбиқ гардад, барои пешрафти ҷомеа хизмат кунад, вагарна аҳамияти он аз байн меравад:
Илмат ба амал чу ёр гардад,
Қадри ту яке ҳазор гардад.
Инсоният ҳамеша ба омӯзиш ниёз дорад. Дари дониш бо ҷидду ҷаҳд ва талошҳои пайваста ба рӯйи мо боз мегардад. Абӯшакури Балхӣ беинтиҳо будани роҳи донишро дар мисраҳои зерин ифода менамояд:
То бад-он ҷо расид дониши ман,
Ки бидонам ҳаме, ки надонам.
Арзиши илм ва ва ҳурмати соҳибилм ҳеҷ гоҳ паст намегардад. Тавре Калими Кошонӣ овардааст:
Аз шукуҳи подшоҳӣ ҳурмати илм аст беш,
Он ки мири корвон бошад, мутеи раҳбар аст.
Ҳамин тариқ, мо бояд пайваста дар ҷустуҷӯ ва омӯхтани илм бошему дунёи хешро бо нури илм мунаввар созем, илмро ҳамеша дар иҷрои амалҳои нек истифода намоем ва дар пешрафту ободии кишварамон саҳмгузор бошем.
Умедаи Акрамзода, мутахассиси шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон