КӮЛОБ. Бо ибтикори Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб дар Бозории марказии шаҳри Кӯлоб ҷиҳати пешгирӣ аз паҳншавии бемории сироятии коронавирус аксияи ҳизбӣ таҳти унвони “Бе ниқоб набош!” ташкил ва баргузор карда шуд.
КӮШОНИЁН. Тибқи Низомномаи баргузории мусобиқаи Футболи хурд барои дарёфти Ҷоми “Ҳизби Халқии Тоҷикистон” бахшида ба 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон даври аввали марҳилаи интихобии 1-ум дар ноҳияи Кӯшониён баргузор гардид.
ДӮСТӢ. Ҷиҳати дуруст ба роҳ мондани тартиби интишори маводҳои хабарӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва сомонаи ҳизбӣ бо иштироки кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ семинар- машварати ҳизбӣ доир карда шуд.
АНДЕША. Миллати тоҷик таърихи куҳан дошта, чун миллати тамаддунсоз дар масири таърих маҳоми хосаро касб карда омадааст. Тоҷик миллатест, ки бо илму фарҳанг ва адабиёти қадимии худ миёни қавму миллатҳои дигар ҷойи муайянро ишғол намуда, имрўз дар арсаи ҷаҳон бо эҷодиёти фарзандони барўмандаш фахр дорад.
ВОСЕЪ. Бо мақсади пешгирӣ аз паҳншавии бемории хавфноки коронавирус аз ҷониби мутасаддиёни Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ дар ташкилотии ибтидоии СЭС корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуда, аз ҷониби намояндагони ҳизбӣ ва мутахассисони соҳа таъкид гардид, ки аз ин беморӣ худ ва дигаронро эҳтиёт намоед.
ВОСЕЪ. Баъди натиҷагирии даври интихобии мусобиқаи футболи хурд миёни дастаҳои ғайрикасбии Ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳоти ноҳияи Восеъ барои дарёфти “Ҷоми ҲХДТ”, ғолибони дастаҳои ғайрикасби Ҷамоатҳои деҳоти ба номи Х. Раҷабов ва А. Рӯдакии ноҳияи Восеъ бо ҳам омада ғолибият насиби дастаи Ҷамоати деҳоти ба номи А. Рӯдакӣ гардид.
ВОСЕЪ. Баъди натиҷагирии даври интихобии мусобиқаи футболи хурд миёни дастаҳои ғайрикасбии Ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳоти ноҳияи Восеъ барои дарёфти “Ҷоми ҲХДТ” ғолибони дастаҳои ғайрикасбии Ҷамоатҳои деҳоти ба номи М. Вайсов ва Гулистони ноҳияи Восеъ бо ҳам омада, ғолибият насиби дастаи Ҷамоати деҳоти ба номи М. Вайсов гардид.
Ҷ.БАЛХӢ. Як навъи захирасозӣ барои зимистон ин консерва кардан аз маҳсулоти тобистона мебошад. Бо ин мақсад қариб дар ҳама шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ консервакунонӣ аз меваю сабзавот идома дорад. Сокинони ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ низ аз ин машғулияти муфид қафо намонда, бо истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ рӯзҳои гарми тобистонро барҳадар надода, аз маҳсулоти ба дастовардаашон барои зимистон захира мекунанд.
Ҷ.БАЛХӢ. Бо фарорасии соли нави таҳсил ҳамаи муассисаҳои таълимии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дар ҳолати таъмиршавӣ қарор дошта, бино ва синфхонаҳои муассисаҳои таълимӣ рангу бор карда мешаванд.
Ҷ.БАЛХӢ. Дар доираи корҳои ободонию созндагӣ бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ҳама Ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия ҳашари дастаҷамъона гузаронида шуда истодааст.
АХБОРИ ҲХДТ
НОВОСТИ НДПТ
NEWS PDPT
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон
АМИТ Ховар
МИҲД вилояти Хатлон
вилояти Хатлон
735140 шаҳри Бохтар
кӯчаи. Айни №47
Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон
Email: hkhdt_khatlon@mail.ru
Tel: (83222) 2-82-92 Fax: (83222) 2-12-12