БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲАМДИЛӢ АЗ ҲАМЗАБОНӢ БЕҲТАР АСТ

АНДЕША. Миллати  тоҷик таърихи  куҳан дошта, чун миллати тамаддунсоз дар масири  таърих маҳоми  хосаро касб карда омадааст. Тоҷик миллатест, ки  бо илму фарҳанг ва адабиёти қадимии худ миёни қавму миллатҳои дигар ҷойи муайянро ишғол намуда, имрўз дар арсаи  ҷаҳон бо эҷодиёти фарзандони  барўмандаш фахр дорад. Тавре аз таърих муайян мегардад, тоҷик аз қадим соҳибдавлату соҳибдевон будаву дар алоқаи  дўстиву равобити илмиву фарҳангӣ ва иқтисодӣ бо дигар миллату давлатҳо будаву ҳаст. Айни ҳол тоҷикон тўли 30 сол мешавад, ки  дар давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон зиндагӣ карда истодаанду бо бисёр давлатҳои  ҷаҳон дар алоқаи  дўстиву ҳамдилӣ доду гирифти иқтисодӣ мебошад. Аз азал шиори зиндагии хурду бузурги ин миллат: “Бани одам аъзои якдигаранд, ки дар офариниш зи як гавҳаранд” аст.

Имрўз тоҷикон дар ҳамсарҳадӣ ва ҳамсоягӣ бо як қатор кишварҳо, аз ҷумла Афғонистон, Чин, Ўзбекистон ва Қирғизистон зиндагӣ доранд. Агар ба таърихи зиндагии миллатҳои тоҷику ўзбек ва қирғиз нигарем мебинем, ки ин мардум аз азал бо ҳам на танҳо робитаҳои дўстиву ҳамкорӣ, балки дар алоқаи  хешутаборӣ ҳам будаанд. Зиёда аз ин имрўз дар Тоҷикистон шумораи зиёди ўзбекҳову қирғизҳо зиндагӣ доранду марому мақсадашон бо миллати тоҷик як – гулгулшукуфии Тоҷикистон, таҳкими дўстӣ ва расидан ба зиндагии боз ҳам шоистатар аст. Зеро ҳар як сокини Тоҷикистон, новобаста аз  миллату халқият, дарк намудааст, ки сулҳу субот, амнияту оромӣ  мояи шарафёб гардидан ба мақсадҳои  наҷибаш аст. Зиндагии ширину нотакрор ва шоиставу гуҳарбор танҳо дар замони осоиштагӣ ва айёми ваҳдату якдилӣ ба инсонҳо муяссар мегардад.

Мутаассифона , имрўз ин дўстиву якдилӣ миёни тоҷику қирғизҳо, ки ба ҳам  ҳамсояи наздиканд ва чи дар дохилу чи дар хориҷи кишвар бо ҳам чун бародарони ҷонӣ зиндагӣ доранд ба гурўҳе  сабаби пиёда намудани ғаразҳои нопокашон гаштаасту ба ин оромӣ ва дўстӣ ҳам дар дохил ва ҳам дар хориҷ бо чашми ҳасад менигаранд. Хоса он кўрнамаку носипосине, ки дар паноҳи хоҷагони хориҷии худ берун аз марзи Тоҷикистон бо ҳар як баҳонаи ночизе ин ду миллати бо ҳам дўстро ба ноамнӣ кашиданӣ мешаванд. Қисмате аз норозиёни раванди сулҳу оромии кишвар миёни ин ду миллат тухми душманиву якдигарбадбинӣ мекоранд. Аммо  ин як кўшиши бесамарест. Аҳли башар хидматҳои таърихии сулҳофаронро медонаду қадр мекунад. Тири ғаразноки  ин бадхоҳон ҳамеша хок мехўрад, зеро тавре мегўянд: “Бадхоҳи касон ҳеҷ ба мақсад нарасад”.

Чунон ки дар боло зикр кардем, миллати тоҷик аз азал сулҳофару ваҳдатсоз буда, бо азму иродаи азалии бузургтарин чеҳраи арсаи сиёсат – Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сулҳу субот ва ваҳдату якпорчагӣ чун беҳтарин ва нодиртарин армуғон ба ин миллат  ҳадя гардид, намегузорад,  ки ин ҳадя осеб бинад.

Минбаъд низ миллати тоҷик чи бо ҳамсоягони худ ва чи бо тамоми аҳли сайёра дар равобити дўстию якдигарфаҳмӣ ва ҳамкорӣ мемонад. Зеро аз дили ҳар як сокини ин кишвар садои “Дўстиро ҷустуҷў дорем мо, Аз амонӣ гуфтугў дорем мо” шунида мешавад.

Расулов Ғолиб,  мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg