ВОСЕЪ. Баъди натиҷагирии даври интихобии мусобиқаи футболи хурд миёни дастаҳои ғайрикасбии Ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳоти ноҳияи Восеъ барои дарёфти “Ҷоми ҲХДТ”, ғолибони дастаҳои ғайрикасби Ҷамоатҳои деҳоти ба номи Х. Раҷабов ва А. Рӯдакии ноҳияи Восеъ бо ҳам омада ғолибият насиби дастаи Ҷамоати деҳоти ба номи А. Рӯдакӣ гардид.
Мақсад аз багузор кардани чунин мусобиқаҳо ташвиқу тарғиби тарзи ҳаёти солим ва дарёфти чеҳраҳои нави соҳаи футбол, инчунин рушд намудани футбол дар сатҳи маҳал мебошад.