БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

БЕ НИҚОБ МАБОШ!!!

КӮЛОБ. Бо ибтикори Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб дар Бозории марказии шаҳри Кӯлоб ҷиҳати пешгирӣ аз паҳншавии бемории сироятии коронавирус аксияи ҳизбӣ таҳти унвони “Бе ниқоб набош!” ташкил ва баргузор карда шуд.

Дар аксияи мазкур раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб  Гулрухсор Шарифзода, кормандони масъули ҳизбӣ, намояндагон аз МИҲД-и шаҳри Кӯлоб, маркази ташаккули тарзи ҳаёти солими шаҳр ва минтақаи Кӯлоб ва ҳамчунин, намояндаи ШВКД дар шаҳри Кӯлоб иштирок доштанд.

Маврид ба зикр аст, ки дар ҷараёни баргузории аксияи мазкур ба сокинон зиёда аз 500 адад ниқоби тиббӣ ва 500 адад варақаҳои иттилоотӣ дастрас гардид.Зимни аксия масъулин аз сокинон даъват ба амал оварданд, ки зидди бемории сироятии коронавирус ваксина гирифта, ба ин восита саҳми арзишманди хешро дар солимии ҷомеа гузоранд.

Бояд гуфт, ки минбаъд низ чунин иқдомҳо аз ҷониби Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб рӯи кор оварда шуда, роҳандозӣ мегарданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg