КУШОНИЁН. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён дар маҳаллаи “Чапаев”-и ҷамоати деҳоти Заргар вохӯрӣ доир гардид. Дар оғози мулоқот Абдуллоев Мирвоҳид суханронӣ намуда, вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, ҳадафҳои барномавии он, амалӣ намудани Паёми Пешвои Миллат, ва сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ намуд.