ХУРОСОН. Дар толори маҷлисгоҳи шуъбаи маорифи ноҳияи Хуросон бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон Саидзода Раҳмон, мудири шуъбаи маорифи ноҳия Олимзода Саидқул дар самти таблиғу татбиқи суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо аҳли ҷомеаи кишвар, ки аз 12.05.2018 бармеояд, вохӯрӣ баргузор гардид.