ТЕМУРМАЛИК. Вохӯрии навбатии кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик бо сокинони деҳаи Дӯстии ҷамоати деҳоти Қарақамиш ноҳияи Темурмалик баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик Маҳмадсаид Раҷабзода ва дигар шахсони масъул иштирок карда оид ба муҳтавои мулоқоти Пешвои миллат бо намояндагони ҷомеаи кишвар аз 12 майи соли 2018, суханронии Пешвои миллат дар семинар-машварати кишоварзони вилояти Хатлон, ки дар деҳаи Чорсадаи ноҳияи Данғара баргузор гардид, андешаронӣ намуданд.
Доир ба суханронии Раҷабзода Маҳмадсаид сокини деҳа Сафаров Мансур андешаҳои худро баён намуда, хоҳиш кард, ки бо қабули 5 нафар сокинони деҳа ба сафи ҲХДТ дар деҳаи Дӯстӣ ташкилоти нави ибтидоии ҲХДТ таъсис дода шавад.