БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Сиёсати хирадмандони Пешвои миллат татбиқ гашта истодааст

ХУРОСОН. Тибқи ҷадвали тасдиқгардидаи баргузории вохӯриву мулоқот дар корхона, муассиса, ташкилот ва деҳаю маҳаллаҳои ноҳияи Хуросон вохӯриҳо баргузор гардида истодааст.

Бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон Саидзода Раҳмон Азим ва раиси ташкилоти ибтидоии «Омор» Рабиев Шамсулло бо кормандони ташкилоти ибтидоии  ҳизбӣ вохӯрӣ баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ Саидзода Раҳмон дар назди ҷамъомадагон оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, ҳадафҳои барномавии ҳизб, нисбати сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ, дар самти шарҳу тавзеҳ ва татбиқи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар самти мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо масъулини мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, намояндагони фаъоли соҳаҳои иҷтимоӣ, олимон, зиёиёни эҷодкор ва ходимони дин, ки аз 12-майи соли 2018 бармеояд, инчунин оид ба  сафари кории Пешвои миллат аз ноҳияҳои Данғара ва Темурмалик ки рӯзи 2-юми июни соли равон бармеояд, суханронӣ намуд.

Баъд аз баргузории вохӯрӣ Саидзода Раҳмон бо тарзи ҳуҷҷатгузорӣ, шиору овезаҳои ҳизбии ташкилоти номбурда шинос гардида, оид ба бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта маслиҳатҳои судманд дод.

     

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg