БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Кӯмак ба ниёзмандон болотарин ибодат аст

ВОСЕЪ. Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба иди саиди фитр ва дар доираи Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони “Ҳамватанони маъюбу бепарастор ва ятимон ҳам зери таваҷҷуҳ ва дастгирии ҲХДТ қарор доранд!” амал намуда, як қатор корҳои хайру савобро ба анҷом расонид.

Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ дар арафаи иди саиди Фитр ба 10 нафар собиқадорони ҲХДТ, 8 оилаи ниёзманд, ду нафар маҷруҳ ва кӯдакони имконияташон маҳдуди «Маркази Ситора»-и ноҳияи Восеъ кӯмаки яквақтаи молиявӣ расонида шуд. Чунин корҳои хайру савоб ба шахсони эҳтиёҷманди ҷомеа  аз ҷониби ҳизбиёни ноҳияи Восеъ бори аввал набуда,  дар ҳар иду ҷашнҳои давлативу миллӣ кӯшиш менамоянд ба қадри имконият ба  бепарасторон, маъюбону ятимон, пиронсолону оилаҳои ниёзманди ҷомеа кӯмаки худро дареғ намедоранд. 

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg