ПАНҶ. Ҳунар ва ҳунармандӣ маҳсули нерӯи зеҳнию дастии инсон буда, таҷассумгари табиату шинохти ҳар як маҳали кишварамон мебошад. Вобаста ба маҳал намудҳои гуногуни ҳунарманди таррақӣ ва инкишоф ёфта, то замони мо омада расидаанд.
Мисоли оддӣ дар нақшу нигори тоқӣ, куртаҳои чакан, сӯзанӣ ва девориҳо, ки таҷассумгари рангҳои табиат мебошанд, вобаста ба маҳал аз ҳамдигар фарқкунандаанд.
Дар партави ин раванд, бахшида ба эълон гардидани соли 2018 Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар маркази шаҳраки Панч намоиши ҳунарҳои мардумии сокинони маҳаллаҳои шаҳрак, аз қабили дӯзандагӣ, бофандагӣ, сӯзанидӯзӣ, қӯроқдӯзӣ, тоқидӯзӣ, муҳрабофӣ ва намоиши гуногуни анвои кадбонугӣ бо иштироки аъзоёни ҳизб, занони собиқадор ва меҳмонон баргузор гардид. Занону духтарони чобукдаст маҳсули дастони худро ба намоиш гузошта, ҳозирин аз ҳунарҳои миллӣ ва малакаи онҳо бархӯрдор гардиданд.
Мудири бахши занони Кумитаи иҷроия Атавуллоева Зебинисо зимни суҳбат зикр намуд, ки Раиси муаззами Ҳизби Ҳалқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси васеи Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ, ки санаи 16 феврали соли ҷорӣ баргузор гардид, пешниҳод намуданд, ки баҳри рушду инкишофи сайёҳӣ, ҳунарҳои халқӣ ва дар рӯҳияи ҳуввияти миллӣ, эҳтироми арзишҳои маънавию фарҳангии ниёгон тарбия намудани шаҳрвандон тадбирҳои мушаххас андешем. Аз ин лиҳоз, баргузории чунин чорабиниҳо ба рушди корҳои хонагӣ, бо шуғл фаро гирифтани ҷавондухтарон, рушди касбу ҳунарҳои мардумӣ дар байни занону духтарон таъсири мусбӣ хоҳад расонид.