ЛЕВАКАНТ. Бахшида ба 21 солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар Литсейи касбии саноатӣ-кимиёвии шаҳри Левакант бо донишҷӯён ва омӯзгорони ҷавон мизи мудаввар баргузор гардид, ки дар он намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант Назарова Фароғат ва Бобоҷонова Гулҷаҳон иштирок карданд.
КУШОНИЁН. Кормандони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Кушониён дар ҳудуди шаҳраку деҳоти ноҳия ҷиҳати боз ҳам густариш бахшидани иртибот бо мардум ва ҷалби омма дар амалӣ намудани ҳадафҳои ҲХДТ бо мардум мулоқоту вохӯриҳоро баргузор намуда истодаанд.
ҚУБОДИЁН. Дар асоси нақша-чорабиниҳои тасдиқгардидаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Қубодиён бо аъзоёни ҳизб дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Ҷавонони ҷануб» вохӯрӣ доир карда шуд.
ЁВОН. Чанде қабл бо ташаббуси бевоситаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон дар доираи эълон гардидани соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, расидан ба қадри сулҳу суботи ҷовидона зери сиёсати хирадмандона ва сулҳҷӯёнаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар толори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 75 мизи мудаввар таҳти унвони «Тоҷикистон Ватани биҳиштосо» баргузор гардид.
ДӮСТӣ. Бо иштироки аъзои комиҷроияи ноҳияивӣ, раисони маҳаллаҳо ва дигар ҷонибдорони ҳизб маҷлиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ баргузор гардид. Маҷлисро раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Одиназода Ҳуснигул оғоз намуда, ба баррасии масъалаҳои рӯзнома гузашт. Оид ба масъалаи якум аъзои комиссияи ноҳиявӣ раиси раиси ноҳияи Дӯстӣ ба ҳайси аъзои Раёсат қабул гардид.
ВОСЕЪ. Кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ бо мақсади суҳбат оростан атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ ва тақвият додани робита бо маҳал, инчунин бахшида ба фарорасии Рӯзи Ваҳдати миллӣ бо сокинони деҳаи Ҷаврези ҷамоати деҳоти ба номи Абдӣ Авазови ноҳияи Восеъ в
ВАХШ. Таҳти роҳбарии раиси ташкилоти ибтидоии ҳизби "Инқилоб" Сурхаков Умаралӣ ва мардуми деҳаи Инқилоб бо ҷонибдорӣ аз сиёсати бобарору ояндадори роҳбарияти давлату Ҳукумати Тоҷикистон дар корҳои созандагию бунёдкорӣ тавассути таъмиру тармим ва сохтмони муассисаҳои таълимӣ фаъолона иштирок карда саҳм мегузоранд.
Ҷ.БАЛХӣ. Дар ҷамоати деҳоти Маданияти ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ вохӯрии судманди ҳизбӣ гузаронида шуд.
А.ҶОМӢ. Дар асоси ҷадвали тасдиқнамудаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ дар деҳаи Наволиқи ҷамоати деҳоти Ифтихори ноҳия гурӯҳи кории ҳизбӣ бо иштироки сокинон, алалхусус занону ҷавонони маҳала вохӯриву суҳбатҳои судманд доир карда шуд.
ХУРОСОН. Дар деҳаи Ганҷинаи ҷамоати деҳоти ба номи Садриддин Айнии ноҳияи Хуросон бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон Саидзода Раҳмон Азим бо сокинон вохӯрӣ баргузор гардид.
АХБОРИ ҲХДТ
НОВОСТИ НДПТ
NEWS PDPT
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон
АМИТ Ховар
МИҲД вилояти Хатлон
вилояти Хатлон
735140 шаҳри Бохтар
кӯчаи. Айни №47
Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон
Email: hkhdt_khatlon@mail.ru
Tel: (83222) 2-82-92 Fax: (83222) 2-12-12