ҚУБОДИЁН. Дар асоси нақша-чорабиниҳои тасдиқгардидаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Қубодиён бо аъзоёни ҳизб дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Ҷавонони ҷануб» вохӯрӣ доир карда шуд.
Мақсад аз баргузории вохӯрӣ шарҳу тавзеҳи суханрониҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарма Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо намояндагони ҷомеаи кишвар ва семинар- машварати кишоварзони вилояти Хатлон мебошад.
Дар идомаи суҳбат самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ зери сиёсати дурандешонаи Раиси муаззами ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва татбиқи ҳадафҳои созанда дар маҳал баҳри ободонии Ватани маҳбубамон -Тоҷикистони азизамон дарҷ карда шуд.
Инчунин, таъкид карда шуд, ки ҳар як узви ҷомеаро месазад, ҷавобан ба хизматҳои беназири Пешвои миллат содиқона кору фаъолият намоянд.