БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Тарғиби ҳунарҳои мардумӣ дар фазои сулҳу Ваҳдат

ЁВОН. Чанде қабл бо ташаббуси бевоситаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон дар доираи  эълон гардидани соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, расидан ба қадри сулҳу суботи ҷовидона зери сиёсати хирадмандона ва сулҳҷӯёнаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар толори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 75 мизи мудаввар  таҳти унвони «Тоҷикистон Ватани биҳиштосо» баргузор гардид.

Дар кори мизи мудаввар аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ, аъзои фаъоли намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан», зиёиён, сарбозони қисми низомии 6593-и ноҳия иштироки фаъолона доштанд.

Инчунин, дар кори мизи мудаввар мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи Дастгоҳи раиси ноҳия, шоир - раиси бахши нависандагони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия Раҷаби Мусулмониён, раиси Шӯрои собиқадорони ҲХДТ дар ноҳия Сафархолов Қутбиддин, муовини раиси ташкилоти соҳаи тандурустӣ Мирзоев Анвар, намояндаи мардуми Бадахшониёни ноҳия Асалбеков Ҷурабек, муовини раиси ҷамоати шаҳраки Ёвон Ашӯрова Нигина иштирок ва суханронӣ намуданд.

Дар доираи эълон гардидани соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дастовардҳои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 75 -и ноҳия ба маърази тамошо гузошта шуда буд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg