БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Сокинони маҳал дар иҷрои корҳои созандаги фаъоланд

А.ҶОМӢ. Дар асоси ҷадвали тасдиқнамудаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ дар деҳаи Наволиқи ҷамоати деҳоти Ифтихори ноҳия гурӯҳи кории ҳизбӣ бо иштироки сокинон, алалхусус занону ҷавонони маҳала вохӯриву суҳбатҳои судманд доир карда шуд.

Тавре Сунатулло Ашуров мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ изҳор дошт, вохӯриву суҳбатҳои мазкур пеш аз ҳама бо мақсади тарғибу ташвиқи Паёми Президенти кишвар ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, самтҳои асосии фаъолияти ҲХДТ,  баланд бардоштани ҳисси ватандӯстиву ватанпарварӣ, ифтихори миллӣ, садоқат ба Ватан, садоқат ба Президент, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллӣ миёни сокинони маҳаллӣ, алалхусус миёни занону ҷавонон буда, дар ин замина онҳоро барои иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон , Раиси муаззами  ҲХДТ  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳнамои карданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg