БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Сулҳи Тоҷикистон барои ҷомеаи ҷаҳонӣ беназир ва нодир аст!

ВОСЕЪ. Кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ бо мақсади суҳбат оростан атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ ва тақвият додани робита бо маҳал, инчунин бахшида ба фарорасии Рӯзи Ваҳдати миллӣ бо сокинони деҳаи Ҷаврези ҷамоати деҳоти ба номи Абдӣ Авазови ноҳияи Восеъ вохӯрӣ доир намуданд.

Дар вохӯрӣ муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ Раҷабова Шаҳноза ва мутахассиси шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроия Ситамова Роҳила иштирок ва баромад намуданд.

 Зимни мулоқот Раҷабова Шаҳноза оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизб, ҳадафҳои барномавии он ва атрофи ташаббусҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва тинҷиву оромӣ ва сулҳу суботи кишвари азизамон суханронӣ намуда, қайд кард, ки халқи тоҷик имрӯз ҳамчун халқи сулҳдӯсту адолатхоҳ  дар чаҳони мутамаддин соҳиби мақому манзалати худ аст. Имрӯзҳо миллати тоҷикро дар ҳама гӯшаву канори дунё ҳамчун миллати соҳибтамаддун ва фарҳангӣ мешиносанду давлатдориашро расман эътироф намудаанд. Сулҳи Тоҷикистон барои ҷомеаи ҷаҳонӣ беназир ва нодир ба шумор рафта, мо тоҷикон аз ташаббусҳои неки Роҳбари давлат ифтихормандем ва шукри неъмати бебаҳоро мекунем.

Дар ҷамъбасти вохӯрӣ сокинони деҳаи Ҷаврез иброз доштанд, ки барои амалӣ намудани дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ,  Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҷиҳати таъмини амнияту осудагии кишвар ва ягонагии миллат софдилонаву содиқона хизмат менамоянд.

           

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg