БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

КӮДАКОН ОЯНДАИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТАНД

ВОСЕЪ. Бо кормандони боғчаи №1 –и ноҳияи Восеъ дар мавзӯи пешгирии бемориҳои сироятӣ, иҷрои Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” вохӯрӣ гузаронида шуд.

ДАВРИ НИҲОИИ МУСОБИҚАИ ФУТБОЛИ ХУРД ҶАМЪБАСТ ГАРДИД

ДӮСТӢ. Тибқи ҷадвали тасдиқгардидаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ, даври ниҳоии мусобиқаи футболи хурд, барои дарёфти "Ҷоми ҲХДТ" байни дастаҳои "Марказ" ва "Рӯдакӣ" баргузор карда шуд. Дар натиҷа дастаи "Марказ" ба дастаи "Рӯдакӣ" ғолиб омада, сазовори ҷойи якум гардид.

АКСИЯИ ҲИЗБӢ БАХШИДА ҶАШНИ 30- СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ

ҶАЙҲУН. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷайҳун ва ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Хоҷагии манзилию коммуналӣ” баҳри истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аксияи ҳизбӣ таҳти унвони «Тозагии муҳит » бо ҷалби аъзои фаъоли ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ роҳандозӣ гардид.

БАРГУЗОРИИ ЯРМАРКАИ ФУРӮШИ ЛИБОСИ МАКТАБӢ

Н.ХУСРАВ.  Бо  мақсади таъмини  дастуру  супоришҳои  Пешвои  миллат –Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон  оид  ба  роҳ  мондани таъмини  хонандагони  муассисаҳои  таълимии  шаҳру  ноҳияҳои  кишвар  бо  либоси  ягонаи  мактабии  истеҳсоли  худӣ,  ярмаркаи фурӯши либоси мактабӣ дар  ноҳияи  Носири  Хусрав  доир гардид.

ТАЪМИНИ ШАРОИТИ МУСОИД ДАР МУАССИСАИ ТАЪЛИМӢ

ТЕМУРМАЛИК. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Савда” бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ноҳия Раҷабзода Маҳмадсаид Аксияи ҳизбии зери унвони “Якҷоя месозем !” баргузор гардид.

ИСТИҚБОЛ АЗ 30-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ

ҶАЙҲУН. Баҳри сазовор истиқбол гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар робита бо дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Преиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун ва бо иқдоми ташкилоти ибтидоии “Куҳдоман” зиёда 8,2 километр кӯчаҳои деҳаи “Кӯҳдоман”-и Ҷамоати деҳоти Панҷ сангфарш карда шуд.

ИСТИҚЛОЛИЯТ ГАНҶИ БЕБАҲОСТ!

АНДЕША. Тамоми сокинони кишвари озоду ободи мо имрӯз ифтихор доранд, ки қабл аз ин нахустин хиштҳои пойдевори истиқлолияти воқеӣ ва давлатдории миллии худро ниҳода, аз шарофати мустақилият соҳиби рамзҳои давлатӣ – Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ гардидем.

СОЛИМИИ ҶОМЕА СОЛИМИИ МИЛЛАТ АСТ!

Ҷ.БАЛХӢ. Масъулини Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқиии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бо мақсади пешгирии бемории сироятии коронавирус СOVID-19 миёни сокинон бо усули “хона ба хона” ва «кӯча ба кӯча» дар дар маҳаллаи Явонободи Ҷамоати деҳоти Навоӣ корҳои фаҳмондадиҳиро ба роҳ монда, оид ба аз нав хуруҷ ёфтани бемории сироятии коронавирус, бе ниқоби муҳофизатӣ гаштугузор накардан мулоқот доир намуданд .

ҒОЛИБИ ОЗМУН МЕШАВАМ

ПАНҶ. Бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Панҷ миёни  сокинон ва ташкилотҳои ибтидоии ҲХДТ озмунҳои ҳизбии “Беҳтарин маркази ҷамъиятии қабул ва фурӯши маҳсулоти ҳунармандӣ”, “Меҳмонхонаи беҳтарин”, “Ташкилоти ибтидоии сол”, “Беҳтарин иншооти гигиенӣ”, “Беҳтарин кӯча” ва “Хонаи тоза” баргузор гардида истодааст.

БЕНИҚОБ НАБОШ!

ПАНҶ. Аз ҷониби  кормандони масъули Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии  Тоҷикистон дар ноҳияи Панҷ ва бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Сулҳ”-и ҷамоати шаҳраки Панҷ  бо усули ”хона ба хона” ва “кӯча ба кӯча” дар кӯчаву  роҳравҳои маҳалла сокинон бениқоб сайругашт мекарданд, баҳри пешгирии паҳншавии бемории сироятии коронавирус  маводҳо, аз қабили ниқобҳои тиббӣ, вар

Pages

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg