ЛЕВАКАНТ. Дар қасри фарҳанги шаҳр машварати августии кормандони соҳаи маорифи шаҳри Левакант доир гардид. Дар он раиси шаҳри Левакант Давлатзода Зарина, намояндаи Раёсати маорифи вилояти Хатлон Авғонова Г, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳр Олимзода Низора., директорону мудирон, омӯзгорону мураббияҳо ва хонанадагони муассисаҳои таълимӣ иштирок доштанд.
ҚУБОДИЁН. Бахшида ба 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя месозем!” бо ташаббус ва дастгирии раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён Шарифзода Маҳмадаюб 2000 м2 роҳи автомобилгарди Ҷамоати деҳоти ба номи Ишмурод Ниёзов пурра сангфарш гардида дар оянда боз 2000 м2 –ро пурра асфалтпӯшт менамояд.
ҚУБОДИЁН. Дирӯз дар кӯчаи ба номи Мирзо Турсунзодаи Ҷамоати шаҳраки Қубодиёни ноҳияи Қубодиён чорабинии ҳизбӣ, аз ҷумла корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуд.
ҚУБОДИЁН. Дар партави дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кормандони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Қубодиён бо сокинони кӯчаи Исмоили Сомонӣ оид ба пешгирии бемории сироятии коронавирус суҳбат намуда, ба онҳо варақаҳои иттилоотиро дастрас карданд.
ДӮСТӢ. Дар муассисаҳои таълимии ноҳияи Дӯстӣ таъмири ҷории мактабҳо хуб ҷараён дошта, маорифчиёни ноҳия азм доранд то оғози соли нави таҳсил бино ва синфхонаҳои муассисаҳои таълимиро пурра аз таъмир бароранд.
ДӮСТӢ. Туҳфаҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, ПрезидентииҶумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ба ҳар як оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон тақдим намудани китоби "Тоҷикон" мебошад, ба ноҳияи Дӯстӣ низ расид.
ДӮСТӢ. Дар доираи нақша-чорабиниҳо вобаста ба сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Дӯстӣ, гурӯҳи корӣ аз ҳисоби кормандони ташкилоту идораҳо ва Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ таъсис дода шудааст.
ДАНҒАРА. Дар доираи Аксияи ҳизбии “Якҷоя месозем!” бахшида ба ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷалби соҳибкорону шахсони саховатманд ва аъзои фаъоли ҲХДТ дар ҷамоати деҳоти Оқсу дар деҳаи Файзбахш сохтмони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №16, ки иборат аз 3 ошёна мебошад, кор бо маром рафта истодааст.
ВОСЕЪ. Барои барқарор намудани иншоотҳои зарардидаи шаҳрвандони деҳаи Гулистони ноҳияи Восеъ, ки баҳори ҳамин сол аз офати табиӣ осеб дида буданд, вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳия Ғафоров Сайдумар хиштҳои сементӣ кумак намуд.
АХБОРИ ҲХДТ
НОВОСТИ НДПТ
NEWS PDPT
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон
АМИТ Ховар
МИҲД вилояти Хатлон
вилояти Хатлон
735140 шаҳри Бохтар
кӯчаи. Айни №47
Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон
Email: hkhdt_khatlon@mail.ru
Tel: (83222) 2-82-92 Fax: (83222) 2-12-12