ЁВОН. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Наврӯз-1”-и Ҷамоати деҳоти Ситораи Сурх бо ҷалби аъзо ва ҷонибдорони ҳизб, сокинони маҳал ва шахсони фаъоли ҷомеа барои тозаву озода намудани қабристон ҷиҳати истиқболи сазовор аз ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи амалиёти умуминоҳиявии “Рӯзи ёдоварӣ” ва Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя месозем!» доир гардид.
































