ВОСЕЪ. Бо мақсади ободу сарсабз гардонидани як гӯшаи диёр ва сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷиҳати дар амал татбиқ намудани Аксия ҳизбӣ таҳти унвони “Ватан, ҳар гӯшаатро сарсабз хоҳем кард!” дар ҷамоати деҳоти А.Рӯдакии ноҳияи Восеъ корҳои хуррамгардонӣ гузаронида шуд.
































