БАРОИ ПЕШРАФТ ВА САОДАТИ ХАЛҚИ ТОҶИКИСТОН

ҲАМОИШИ ИЛМӢ-НАЗАРИЯВӢ БАХШИДА БА РӮЗИ ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ

Санаи 4 октябр дар шаҳри Левакант бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант дар якҷоягӣ бо Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ ҳамоиши илмӣ-назариявӣ таҳти унвони “Рушди забони давлатӣ-омили ҳастии миллат” баргузор гардид.
Дар ин ҳамош Маликшо Неъматзода, муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Саидзода Ҷамшед Ҳамро, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон, Муминзода Мастура Табарӣ, раиси шаҳри Левакант, Зоирзода Исломбек, муовини ректори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар шаҳр, аъзо ва фаъолони ҳизб иштирок доштанд.
Нахуст, ҳайати меҳмонон бо сокинони касбу кори гуногуни шаҳр дар роҳпаймоӣ иштирок намуданд. Сипас, аз Осорхонаи Пешвои миллат дидан намуда, доир ба таҳсили Роҳбари давлат дар Литсеи касбӣ-техникии шаҳри Левакант маълумот гирифтанд.
Бояд қайд кард, ки ҳамоиши илмӣ-назариявӣ таҳти унвони “Рушди забони давлатӣ-омили ҳастии миллат” дар толори Донишкадаи байналмилалии Левакант баргузор гардид, ки ҳайати меҳмонон дар даромадгоҳи донишкада аз намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва варзиши дидан намуда, ба онҳо баҳои баланд доданд. Сипас, ба як қатор ятимон туҳфаҳо тақдим намуданд.
Инчунин, ҳайати меҳмонон бо рафти дарсгузарии чанде аз омӯзгорони донишкада шинос шуда, хонандагонро барои донишандӯзӣ ва аз худ кардани касб даъват намуданд.
Ҳамоиши илмӣ-назариявӣ таҳти унҷони “Рушди забони давлатӣ-омили ҳастии миллат”-ро Муминзода Мастура Табарӣ, раиси шаҳри Левакант оғоз бахшида, меҳмононро хайрамақдам хонд ва атрофи бузургии забони давлатӣ суханронӣ намуд.
Сипас, Маликшо Неъматзода, муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон суханронӣ намуда, иброз дошт, ки забон ин ҳастии миллат аст, забон аст, ки ҳар як нафар муошират мекунад. Пушида нест, ки Роҳбари давлат, падари миллат қадру манзалати забони давлатиро баланд бардоштаанд. Хизматҳои Пешвои миллат дар рушди забони давлатӣ ва ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ беназир аст. Имрӯз ҳар яки мову шуморо мебояд ба қадри ин забони ширин, давлати орому осуда ва хизматҳои Сарвари давлат беш аз пеш бирасем ва идомадиҳандаи кору пайкори ин абармарди миллат бошем. Ҳамчунин, Маликшо Неъматзода устодони донишкада ва дар симои онҳо тамоми омӯзгорони кишварро ба Рӯзи иди касбиашон таҳният гуфт.
Зоирзода Исломбек, муовини ректори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар шаҳр низ баромад намуда, нахуст қудуми мубораки меҳмононро ба шаҳри Левакант хайрамақдам гуфт ва дар бораи муҳимияти забони давлатӣ маърӯза намуд.
Дар идомаи ҳамоиш ба як қатор фаъолони ҳизб, ки дар татбиқ ва амалӣ гардонидани барнома ва Оиномаи ҳизб саҳми арзанда гузоштаанд, Медалии ҷашнии “30-солагии ҲХДТ” ва сипосномаҳои Кумитаи иҷроияи Марказӣ ва вилоятии ҲХДТ супорида шуд.
 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: info@hkhdtkhatlon.tj

viloyathkhdtkhatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-94-19
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg