
МУРОҶИАТНОМАИ
иштирокчиёни мизи мудаввар дар мавзуи “Пешгирии падидаҳои номатлуб дар байни занон ва ҷавонон, аз қабили ҷинояткорӣ, шомилшавии занону ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистӣ, худкушӣ ва сӯиқасд ба ҷони худ”, ки рӯзи 6.10.2025 бо ибтикори Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон қабул гардид.
Зан – модар сарчашмаи меҳру вафо, олиҳаи зебоӣ, рамзи ишқи ҷовидонӣ, нахустин мураббӣ ва муаллими инсоният аст.
Эмомалӣ Раҳмон
Мо-иштирокчиёни мизи мудаввари мазкур, бо эҳтиром ба ҳамаи модарон, хоҳарон ва бонувони гиромиқадр муроҷиат намуда, изҳор медорем:
Зан, чароғи хонадон, тарбиятгари насли наврас ва поягузори ахлоқи ҷомеа мебошад. Бе зан, бе эҳсоси масъулияти модарӣ ҷомеа рушду тараққӣ карда наметавонад. Бинобар эҳтиром ба зан, бахусус ба модар, омили хушбахтӣ ва оромии хонадони ҳар яки мост. Мо итминон дорем, ки лутфу меҳрубонии модарон метавонад дар қалби ҷавонон умеду орзу ва муҳаббат ба зиндагиро бедор созад. Ҷаҳони муосир бо таҳаввулоти иқтисодиву сиёсӣ ва муборизаҳои иттилоотӣ рӯбарӯст. Дар чунин шароит ҳар шахс бо андешаи солим ва зиракии сиёсӣ аз макру фиреби бегонагон худро эмин нигоҳ дорад.
Модар - беҳтарин офариниши Худованд аст. Ӯ барои фарзанд ҳамчун мактаби меҳру муҳаббат ва намунаи олии одаму одамгарист. Ҳар як шахсро зарур аст, ки ба модар, ба волидайн ва ба арзишҳои волои миллӣ эҳтиром гузорад. Аз ин рӯ ба модарон ва бонувони гиромӣ муроҷиат карда гуфтанием, ки бояд фарзандонро дар руҳияи ватандӯстӣ, худшиносӣ ва ифтихори миллӣ тарбия намоянд. Шомил шудани ҷавонон ва занон ба гурӯҳҳои ифротӣ, даст задан ба зӯровари ё худкушӣ хилофи ахлоқ, шариат ва меъёрҳои инсонист. Бинобар ин, ҳар як модар вазифадор аст, ки фарзандонашро аз чунин хатарҳои мудҳиш ҳифз намояд ва онҳоро ба роҳи нек раҳнамун созад.
Мо - модарон ва бонувони вилояти Хатлон иброз медорем, ки барои ҳифзи сулҳ, ваҳдат ва оромии Ватани азизамон омодаем ва намегузорем, ки душманони сулҳу ваҳдат бо фитнаву душманӣ оромии кишварамонро халалдор намоянд. Имрӯз мо бояд ҳар як амали зишту неки худро дар тарозуи ақлу хирад баркашем. Бадӣ, кину ҳасад, харобкорӣ, дар ҳеҷ замон касеро ба қуллаи мақсуд нарасонидааст ва намерасонад.
Зан - модар бояд зиндагиро бо лутфу меҳрубонӣ, бо ишқу муҳаббат, бо тозагию покӣ, бо навозишҳои гарму нарм рангину зебо намояд. Эътиқод ба зиндагии дурахшон ҳамеша дар набард ба қувваҳои аҳриманӣ пирӯз гаштаву пирӯз мегардад.
Эй зан - модар, ки худ чароғи хонадонӣ ва ҳақ надорӣ, ки ба Ватан, хонадон ва фарзандони худ хиёнат намоӣ.
Аз ин рӯ ба кулли бонувон, модарон ва хоҳарон муроҷиат намуда гуфтанием, ки равандҳои сиёсии ҷаҳони муосирро бо ақлу хирад таҳлил намуда, фарзандону пайвандон ва ҷигаргӯшаҳои худро нагузоред, ки ба роҳи хато рафта, ба ҳизбу ҳаракатҳо ва созмонҳои ифротӣ шомил шаванд. Ҳамзамон, шумо хоҳарону модаронро даъват мекунем, ки ба қадри сулҳу оромии Ватан, Ваҳдату ягонагӣ бирасем ва нагузорем, ки Тоҷикистонро ноором созанд.
Итминони комил дорем, ки бо меҳру муҳаббат, бо дӯстиву ҳамдилӣ метавонем, ки оилаҳои солим, ҷомеаи ором ва Ватани обод бунёд намоем. Бинобар ин бонувонро ба ҳамфикрӣ, ҳамкорӣ ва дастгирии якдигар даъват менамоем, то мақоми зан дар ҷомеа боз ҳам баландтар гардад ва Тоҷикистони биҳиштосои мо дар паноҳи Яздони пок эмин бимонад.
Бо эҳтиром,
иштирокчиёни мизи мудаввар,
вилояти Хатлон, 6 октябри соли 2025